logo

барқияҳо

Барқияҳои шодбош ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ба муносибати таҷлили 18 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз номи сарони давлатҳои ҷаҳон ва роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, арбобони ҷамъиятӣ ва намояндагони аҳли ҷамъият ба унвони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияҳои шодбош мерасанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки президентҳои Федератсияи Русия Дмитрий Медведев, Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов, Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Сзинтао ба унвони Эмомалӣ Раҳмон барқияҳои шодбош фиристоданд.

Аз ҷумла, дар барқияи Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев гуфта мешавад:
«Эмомалӣ Шарифовичи мӯҳтарам, табрикоти самимонаи маро ба муносибати фаро расидани рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.
Равобити анъанавии дӯстонаи Русия ва Тоҷикистон тӯли солҳои гузашта боз ҳам бештар густариш ёфтанд. Ҳамкории мутақобилан муфид ба мо имкон медиҳад, ки масъалаҳои муҳимтарини рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва беҳтар сохтани шароити зиндагии шаҳрвандони мамлакатҳоямонро ҳал намоем. Ин ба таҳкими амният ва суботи минтақа кӯмаки калон мерасонад.
Ин ҷониб таассуроти сафари ба қарибӣ ба шаҳри Душанбе суратгирифтаи худро бо камоли қаноатмандӣ ба хотир меорам. Мо ҳамроҳи Шумо дар бораи масъалаҳои муҳимтарини марбут ба муносибатҳои дуҷониба ва проблемаҳои байналхалқӣ табодули озоди андеша намуда, роҳу усулҳои вусъат додани ҳамкории стратегии Русия ва Тоҷикистонро муайян сохтем. Ин барои омода кардани сафари давлатии қарибулвуқӯи Шумо ба Русия заминаи хуб гардид. Боварӣ дорам, ки сафари Шумо ба Русия дар бобати рушди ҳамкории мамлакатҳоямон саҳифаҳои нав хоҳад кушод.
Ба Шумо, Эмомалӣ Шарифовичи мӯҳтарам, саломатӣ, барори кор ва ба халқи ба мо дӯсти тоҷик сулҳу осоиш ва рӯзгори фараҳмандона орзумандам».
Дар барқияи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов чунин омадааст:
«Эмомалӣ Шарифовичи мӯҳтарам, Шумо ва халқи мамлакататонро ба муносибати иди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзи Истиқлолият самимона табрик менамоям.
Маълум аст, ки муносибатҳои анъанавии дӯстонаи халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон борҳо аз имтиҳони таърих сарбаландона гузаштаанд. Боварӣ дорам, ки асоси муносибатҳои дӯстонаи моро принсипҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории мутақобилан муфид ташкил медиҳанд ва ин муносибатҳо минбаъд ба манфиати халқҳои мамлакатҳоямон густариш хоҳанд ёфт.
Эмомалӣ Шарифовичи мӯҳтарам, аз фурсати мусоид истифода бурда, ба Шумо саломатии комил, барори кор ва ба халқи бародари Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар барқияи худ менависад:
«Эмомалӣ Шарифовичи мӯҳтарам, табрикоти самимонаи маро ба муносибати иди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзи Истиқлолият қабул фармоед.
Мусаллам аст, ки Тоҷикистон дар давоми солҳои истиқлолияташ дар соҳаи ислоҳоти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ муваффақиятҳои калон ба даст овард.
Боварии комил дорам, ки муносибатҳои мутақобилан муфиди дӯстонаи мамлакатҳоямон дар заминаи боварӣ ба ҳамдигар ва ҳусни тафоҳум минбаъд ҳам ба манфиати халқҳои Қазоқистон ва Тоҷикистон бештар аз пештар густариш хоҳанд ёфт.
Аз фурсати мусоид истифода бурда, ба Шумо, Ҷаноби Президент, саломатии комил, барори кор ва ба халқи бародари Тоҷикистон рӯзгори фараҳмандона ва сулҳу осоиш орзу менамоям».
Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Сзинтао Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дар симои ӯ тамоми халқи тоҷикро ба муносибати 18-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, менависад, ки «Ҳукумат ва халқи Тоҷикистон дар давоми 18 соли охир барои ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими амният кӯшиш ба харҷ дода, ҷиҳати рушди ризоияти байни миллатҳо ва пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ, вусъат додани равобити берунӣ тадбирҳои судбахш андешида, дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт натиҷаҳои назаррас ба даст меоранд. Ҷониби Чин аз ин дастовардҳои Шумо изҳори шодию масаррат менамояд. Боварӣ дорам, ки Ҳукумат ва халқи Тоҷикистон тахти роҳбарии Шумо дар роҳи таҳаввулоти миллӣ ҳатман муваффақиятҳои нав ба даст хоҳанд овард.
Дар давоми 17 соли баъди муқаррар гардидани муносибатҳои дипломатии мамлакатҳоямон ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои гуногун боз ҳам бештар ривоҷ ёфтанд. Боварию эътимоди сиёсии мамлакатҳоямон рӯз то рӯз вусъат меёбад, ҳамкории онҳо дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ва созмонҳои дигари байналхалқӣ торафт васеътар мегардад. Рушди муносибатҳои Тоҷикистону Чин на танҳо ба ҳар ду мамлакат ва халқҳои онҳо муфид мебошад, ин муносибатҳо ба таҳкими сулҳу субот ва пешрафти минтақа мусоидат менамоянд. Ҷониби Чин тайёр аст, ҳамроҳи Тоҷикистон бо мақсади рушди муттасили муносибатҳои дуҷониба дар роҳи мустаҳкам намудани муносибатҳои тӯлонии ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстона ва густариши ҳамкории баробарҳуқуқ, ва мутақобилан муфид кӯшиш ба харҷ диҳад.
Хоҳони онам, ки Тоҷикистони ба мо дӯст боз ҳам ободу шукуфотар гардад, ман ба халқи тоҷик сулҳу хушбахтӣ ва ба Шумо, ҷаноби Президент, саломатӣ ва барори кор орзу менамоям».

* * *
Инчунин ба унвони Сардори давлати Тоҷикистон аз номи Маликаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Елизаветаи дуюм, Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Президенти Ҷумҳурии Австрия Хайнс Фишер, раиси Маҷлиси олии халқии Ҷумҳурии Халқии Демократии Куриё Ким Ен Нам, Шоҳи Таиланд Бҳимбол Абдулядот, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев, Муншии умумии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа ва дигарон барқияҳои шодбош расиданд.
Вуруди барқияҳои шодбош ба унвони Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон давом дорад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 7103
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед