logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

Имрӯз дар бинои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст баромади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2017” шунида шуд.
Дар шаш моҳи соли 2017 сарфи назар аз таъсири манфии идомаёбандаи вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳонӣ, тамоюли мусбати рушди иқтисодиёт дар кишвар таъмин гашт. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 24023,0 миллион сомониро ташкил дода, суръати афзоиши он ба 106,0 фоиз баробар гардид ва рушди воқеии иқтисодиёт асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 21,3 фоиз, кишоварзӣ 6,4 фоиз, гардиши савдои чакана 3,6 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 0,6 фоиз таъмин карда шуд.
Дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷет дар сатҳи 99,5 фоиз иҷро шуда, ба буҷет 9292,8 миллион сомонӣ маблағ ворид гашт. Нақшаи воридоти андозҳо 96,1 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 6075,5 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 25,3 фоизро ташкил менамояд.
Аз ҷониби мақомоти андоз нақша дар сатҳи 102,2 фоиз, аз ҷумла пардохтҳои андозӣ 97,9 фоиз, воридоти ғайриандозӣ 149,9 фоиз ва андозҳои иҷтимоӣ 97,6 фоиз таъмин гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки имконоту захираҳои мавҷуда дар самти амалӣ кардани Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020 ба таври пурра ва самаранок истифода нагардидаанд.
Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти дахлдор вазифадор гардиданд, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат бо дарназардошти таъмини нишондиҳандаҳои маҷмӯии миқдорӣ ва сифатии рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиёт чораҳои амалӣ андешида, неруи зеҳниву кадрии сохторҳои худро пурра ва самаранок истифода баранд.
Ҳамчунин, Сарвазир, муовинони ӯ, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муваззаф шуданд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтиву пурраи стратегияву барномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ, нақшаи чорабиниҳо барои соли 2017, алалхусус, дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, Қарори Ҳукумати мамлакат дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017” ва супоришҳое, ки ҳангоми сафарҳои Президенти мамлакат ба шаҳру ноҳияҳо дода шудаанд, чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Баъд аз баррасии ҳамаҷониба бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегӣ ва ноил гардидан ба рушди устувори соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Сипас “Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2020” вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода гузориш дод.
Бояд зикр кард, ки лоиҳаи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои солҳои 2018 - 2020 бо дарназардошти таъмини иҷрои муқаррароти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020, инчунин, барномаҳои қабулгардидаи давлатию соҳавӣ ва барномаҳои минтақавии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарашон ба минтақаҳои ҷумҳурӣ таҳия гардидааст.
Дар маҷлис лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017”, хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон” ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти калонсолон” арзёбӣ шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардиданд.
Аъзои Ҳукумати мамлакат дар идома масоили вобаста ба созишномаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои дигар, инчунин, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2022, Нақшаи генералии деҳаи Шаҳристон – маркази ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд, таъсиси Муассисаи давлатии “Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон” ва дигар масоили вобаста ба ҳаёти мамлакатро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, вазифадор шуданд, ки аз ҳозир ба давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода омодагии ҷиддӣ дида, тамоми иқтидору имконоти мавҷударо барои дар сатҳи зарурӣ гузарондани мавсими сармо сафарбар намоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ барои таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва кишти такрорӣ, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат, тақвияти тадбирҳои омодагӣ аз пешгирии хавфу хатарҳои офатҳои табиии марбут ба вазъи боду ҳаво ва тақвияти тадбирҳои зидди сӯхтор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.07.2017    №: 157    Мутолиа карданд: 7753
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед