мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Пратибҳа Патил
Нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибҳа Патил ба Тоҷикистон субҳи 7 сентябри соли 2009 бо маросими истиқболи расмии ӯ дар назди Қасри Миллат идома ёфт.
Меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибҳа Патилро дар назди Қасри Миллат Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.
Маросими истиқбол тибқи муқаррароти сафарҳои расмӣ бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду давлат, гузаштан аз назди ҷузъҳои горди фахрӣ, эҳтиром овардан ба Парчами давлатии Тоҷикистон, салом додан ба сарбозон ва шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ҷараён гирифт.
Маросими истиқболи расмӣ бо гузашти ҷузъҳои Горди фахрии Тоҷикистон аз назди минбар ба поён расид.
Масоили таҳким ва густариши ҳамкории ду кишвар нахуст дар мулоқоти хоса ва сипас дар гуфтушунид бо иштироки ҳайатҳои расмии ду ҷониб баррасӣ гардид.
Эмомалӣ Раҳмон ва Пратибҳа Патил аз сатҳи имрӯзаи муносибатҳои ду кишвар, дар маҷмӯъ изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон зарурати тавсеаи минбаъдаи робитаҳои гуногунҷанбаро таъкид доштанд.
Аз ҳамкорӣ миёни сохторҳои низомии ду давлат, ки асосан дар самти омодасозии кадрҳо барои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва мубодилаи иттилоот дар муборизаи муштараки зиддитеррористӣ сурат мегирад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибҳа Патил ба нақш ва тадбирҳои зиддитеррористии Тоҷикистон баҳои баланд дода, ба Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла изҳор дошт: “Маслиҳату ҳидоятҳои муфиду ҳакимона ва обурӯи Шумо чун роҳбару сиёсатмадори ташаббускор дар таҳкими амнияту субот дар кулли минтақа бисёр муҳим аст”.
Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои бунёдии иқтисодӣ, аз ҷумла энергетика ба манфиати ҳар ду кишвар маънидод гардид ва таъкид шуд, ки чунин ҳамкорӣ ба паст намудани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ низ мусоидат мекунад.
Хонум Пратибҳа Патил таъкид дошт, ки дар воқеъ доираҳои соҳибкории Ҳиндустон ба соҳаи энергетика ва саноати кӯҳии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи зиёд доранд ва изҳори боварӣ намуд, ки масоили густариши ҳамкорӣ дар ин соҳа имрӯз зимни анҷумани соҳибкорони ду кишвар мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Гуфтугӯйи пурмӯҳтаво ҳамчунин оид ба робитаҳои илмӣ-фарҳангӣ ва масоили минтақавию байналмилалӣ сурат гирифт.
Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибҳа Патил нишасти матбуотӣ ороста, аз натиҷаи мулоқоту гуфтушунидҳои расмӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
Хонум Пратибҳа Патил Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро даъват намуд, ки ба Ҳиндустон сафари расмии ҷавобӣ анҷом диҳад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1904