туризм
САЙЁҲӢ. ИМКОНИЯТҲОИ РУШДИ ОН ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
Шаҳри Турсунзода мисли дигар минтақаҳои кишвар дорои мероси ғании таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табиию рекреатсионие мебошад, ки барои рушди туризми дохилӣ ва қабули сайёҳони хориҷӣ мусоидат менамоянд. Манзараҳои зебову ҷолиби дараҳои Қаратоғу Ширкент, дарёҳои ҳамном ва шохобҳои он, Осорхонаи мардумии Қаратоғ, ёдгории таърихии Хоҷа Нақшрон, деҳаи Пашми Куҳна, Боғи таърихӣ - табиии «Ширкент», катиба Санги бузургвор, Гаҳворасанг, осоишгоҳҳои «Куран» ва “Эдем”, чашмаҳои минералӣ ва меҳмонхонаву осоишгоҳҳо далели ин гуфтаҳоянд.
Коршиносон иброз медоранд, ки барои ин минтақа сайёҳии экологӣ, пиёдагардии кӯҳӣ, шикорӣ ва таърихиву фарҳангӣ хосанд.
Боғи таърихӣ - табиии “Ширкент” соли 1993 бо мақсади нигоҳдории ёдгориҳои қадима, ҳифзи олами набототу ҳайвоноти нодир ва арчазорҳои ҳамешасабзи қаторкӯҳҳои Ҳисор таъсис дода шудааст. Боғ дар масофаи 70 километр аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Бозёфтҳои беҳамтои таърихӣ дар қаламрави парк аз 40 адад зиёданд, ки онҳо ба гурӯҳҳои геологӣ, гидрологӣ ва глятсиологӣ ҷудо мешаванд. Ба гурӯҳи геологӣ бозёфтҳое дохил мешаванд, ки таърихи куҳан дошта, дар гузашта мавҷуд будани динозаврҳоро нишон медиҳанд. То кунун изи динозаврҳо дар ҳудуди қаторкӯҳҳои Ширкент боқӣ мондаанд. Миқдори умумии изи динозаврҳо аз 400-то зиёд аст. Тақрибан таърихи изи динозаврҳо ба давраи дери Юра рост меояд. Гурӯҳи дигари бозёфтҳоро пармакунӣ, катибаҳои рӯйи санг, осори бузурги туғёни мавҷҳо ва дигар боқимондаҳои табиии давраи қадими мезозой ташкил медиҳанд.
Вале бо вуҷуди чунин дороиҳо нишондиҳан-даҳо собит месозанд, таваҷҷуҳи сайёҳон ба ин мавзеъ камтар аст. Мувофиқи ҳисоботи меҳмонхонаҳои шаҳр тайи шаш моҳи соли ҷорӣ ба ин ҷо ҳамагӣ 40 шаҳрванди хориҷӣ омадааст.
Сабаби инро коршиносон, пеш аз ҳама, дар сатҳи зарурӣ тарғиб нашудан, бепарвоӣ зоҳир намудан, ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯй набудани ҷойҳои ташрифи сайёҳон, набудани меҳмонхонаҳои сатҳи гуногун мебинанд. Масъалаи дигар маблағгузорӣ нашудани соҳа мебошад. Ба гуфтаи мутахассисон барои ҳалли он таъмини сатҳи мувофиқи менеҷменти давлативу хусусӣ, ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти маҳаллӣ, мусоидат ба ташаббусҳои хусусӣ, тартиби системаи самараноки пешниҳоди маҳсулоти сайёҳӣ ба бозорҳои ватаниву хориҷӣ, ташаккули фазои иттилоотӣ зарур аст.
Ҷиҳати рушди соҳа аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода «Консепсияи рушди туризм дар шаҳри Турсунзода барои солҳои 2009 - 2019» ва қарори махсус «Дар бораи Барномаи давлатии рушди туризм дар шаҳри Турсунзода барои солҳои 2015 - 2017» қабул гардидаанд. Ин ҳуҷҷатҳо стратегия, самтҳои асосӣ, афзалиятҳо, вазифаҳо ва механизмҳои татбиқи сиёсати давлатро роҷеъ ба туризм дар сатҳи минтақавӣ дар давраи миёна ва кӯтоҳ муайян менамоянд. Ба гуфтаи мутасаддиён дар доираи барнома баргузории чорабиниҳои гуногун вобаста ба рушди сайёҳӣ ба нақша гирифта шуда, мунтазам амалӣ мешаванд.
Рушди соҳаи сайёҳӣ дар ин минтақа на танҳо имиҷи кишварро боло мебарад, балки баҳри паст кардани сатҳи бекорӣ дар шаҳри Турсунзода замина гузошта, барои ғанӣ гардондани буҷети маҳаллӣ мусоидат хоҳад кард.
Ш. ҚУРБОНОВА,
Л. РИЗОЕВА, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.07.2017 №: 159 Мутолиа карданд: 2991