номаҳо
«ШОМИ ШАНБЕ» НА ТАНҲО ФАРОҒАТ АСТ!
Бояд иқрор шавам, ки нахуст ин сарлавҳа, яъне «Мӯй: метарошанд ё медараванд?» дар саҳифаи «Шоми шанбе» («Ҷумҳурият», 3 июни соли 2017) маро ба тааҷҷуб оварду диққатамро ҷалб намуд. «Воқеан, мӯйро метарошанд ё медараванд?», – пурсидам аз худ. Хайрият, дар посух гуфтан шитоб накардам. Матлабро бо диққат хондам. Ҷолибу хонданӣ будааст. Сари ин масъала ҳеҷ намеандешидам. Бори дигар бовар ҳосил кардам, ки ҳар суҳбату дарси устоди шодравон Соҳиб Табаров чашми касро ба дунёи илму фарҳанг бештар мекушояд. Дар матлаб устод аз омӯзгори украиниашон ёдовар мешавад.
- «Ин омӯзгор, - мегуфт Соҳиб Табаров, - гоҳо моро дар ҳолати риштарошӣ медид ва мепурсид: «Чӣ кор карда истодаед?». Мо посух медодем, ки риш метарошем. Мегуфт: «Тарошидан ба чӯб иртибот дорад. Баъди тарошидан мӯй набояд бирӯяд. Аз ин рӯ, бояд бигӯед, ки ришамонро медаравем».
Дар иртибот ба ин гуфта муаллифи матлаб Абдулқодири Раҳим аз «Тазкират-ул-авлиё»-и Фаридуддини Аттор мисол меорад. Гуфт: «Ҳеҷ касро дидӣ, ки бидравад нокишта?». Гуфт: «Мӯйи сарат, ки бидравидӣ, нокишта аст».
Албатта, чунин мисолҳо аҳён-аҳён дар осори адибони классики мо ба чашм мерасанд. Мутаассифона, ба он камтар аҳамият медиҳем. Аммо пас аз мутолиаи ин матлаб мақсад гузоштам, ки ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳ зоҳир бинамояму ҳадди ақал як мисол пайдо бикунам. Ва пайдо намудам, аз «Девон»-и Аттор:
Сар даравдам Фаридро чу гиёҳ,
Пас кунун гирда дар гиёҳ кунам.
Пеш аз ин байт, байте ҷой дода шуда буд, ки бисёр писандам афтоду барои худ ёддошт кардам:
Ҳамчу лола кулоҳ дар хунам,
Чи ҳадиси сару кулоҳ кунам?
Хулоса, «Шоми шанбе» на танҳо саҳифаи иттилоотию фароғатӣ аст, балки он касро ба ҷустуҷӯ водор месозад. Ба аҳли эҷоди рӯзнома барои таъсиси ин саҳифаи ҷолибу хонданӣ изҳори сипос менамоям.
Қурбоналӣ МАҶИДЗОДА, шаҳри Кӯлоб
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.07.2017 №: 159 Мутолиа карданд: 2596