номаҳо
ПУЛ ДОДАМУ ДАРДИ САР ХАРИДАМ
Ҳеҷ тасаввур намекардам, ки ба бародарам пул дода, барои бозпас гирифтани он рӯзе мавриди латукӯб қарор мегирам ва он ҳам дар ҳузури раиси суди ноҳия.
Соли 2012. Як рӯз додарам-Шамшод Шарифов ҳамроҳи ҳамсояамон Ҷамшед Нидоев ба манзили зистам омада, гуфт, ки Нидоев бо сабаби аз бонк қарздор будан ҳавлиашро ба фурӯш гузоштааст. Ба ин далел аз ман хоҳиш кард, ки ба ӯ 6200 доллари амрикоӣ қарз диҳам, то ҳавлии ҳамсояро бихарад. Ман хоҳиши бародарамро пазируфта, дар ниҳоят барои худ дарди сар эҷод кардам. Ҳамон замон ба Шамшод ин маблағро додам ва ӯ дар ҳузури ман онро ба Ҷамшед Нидоев дод, ки дар ин бора забонхати дувумӣ дар дасти ман аст.
Бо гузашти шаш моҳ аз ин қарордод, Ҷамшед Нидоев натавонистааст, ки барои фурӯши ҳавлӣ ҳуҷҷатҳои заруриро таҳия кунад. Аз ин рӯ, маблағи аз ман гирифтаро бо иловаи фоизаш дар ҳаҷми 1600 доллари дигар ба бародарам баргардондааст. Шамшод бошад, пули маро бар нагардонд ва пешниҳод кард, ки онро ба гардиши тиҷораташ ворид намуда, бо фоидаи бештар медиҳад. Вале на пул шуду на фоида. Ҳар дафъа, ки барои пул муроҷиат намоям, мавриди хашму ғазаби бародар қарор мегирам. Баъдан бароям маълум шуд, ки на танҳо ман, балки дигар шахсони алоҳида низ ба доми фиреби Шамшод афтодаанд.
Ниҳоят бо умеди барқарор намудани адолат рӯзи 6 апрели соли ҷорӣ ба суд муроҷиат кардам. Суди ноҳияи Тоҷикобод дар ибтидо таҳти роҳбарии Сайдалӣ Миршарифзода дар бораи рӯёндани қарзи ман 13 апрел фармон қабул кард. Аммо 18 апрел дар бораи бекор кардани ин фармон таъйиноти раиси суд баромад ва маро ба он айбдор карданд, ки гӯё додарамро туҳмат карда бошам.
Чунин муносибат эътимоди маро ба риояи адолати судӣ ва беғаразии судя коҳиш дод. Зеро ман дар рафти баҳси судӣ бетарафии судро мушоҳида накардам. Бо вуҷуди ин, ноумед нестам ва бовар дорам, ки рӯзе ҳақиқати ин баҳс ошкор шавад ва ҳақ ба ҳақдор бирасад.
Зоҳиршо УМАРОВ,
сокини ноҳияи Тоҷикобод
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.07.2017 №: 160 Мутолиа карданд: 2503