logo

ҳуқуқ

МУЪМИНОБОД. НОФАҲМӢ АЗ НОШАФФОФӢ САР МЕЗАНАД!

Сокини деҳаи Тутои деҳоти Балховии ноҳияи Муъминобод Карим Қосимов дар  номаи худ ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз беадолатӣ ва ба қонуншиканӣ роҳ додани раиси ҷамоат ҳангоми интихоби раиси нави мақомоти худфаъолиятии ҷамъиятӣ (раиси маҳалла), бемасъулиятию худсариҳои раиси нави МХҶ ва чора наандешидани роҳбарони ноҳия шикоят кардааст.
Деҳаи Туто беш аз 500 хоҷагӣ дошта, сокинони он асосан ба зироаткорию боғдорӣ ва чорводорӣ шуғл меварзанд. Дар ин шабу рӯз, ки айни ҳосилғундорию захираи маҳсулот аст, хеле серкоранд.
6-уми майи соли ҷорӣ барои  интихоби раиси нави МХҶ ҷаласаи аҳли деҳа баргузор гардид. Карим Қосимов аз он нигарон аст, ки ҷаласа  бо иштироки ҳамагӣ 95 сокини деҳа барпо шудааст. Ин шумора ҳатто чоряки интихобкунандагонро ташкил намедиҳад ва гузарондани маҷлиси интихоботӣ бо чунин ҳайат хилофи муқаррароти   ойинномаи МХҶ мебошад. 5 нафақагири деҳа довталаби раисӣ шуданд, аммо ҳеҷ нафаре овози заруриро гирифта натавонист. Дар ин ҳол пешниҳод шуд, ки  ду нафари бештари овозҳоро соҳибшуда номзадиашонро такроран ба овоз монанд. Ин пешниҳод низ аз ҷониби раиси ҷамоат дастгирӣ наёфт ва номзад  Бекмурод Давлатови 80 - сола бо гирифтани 37 овоз раиси маҳалла интихоб гардид.
Карим Қосимов дар номаи хеш як қатор амалҳои номатлуби раиси навро, ки норозигӣ ва баҳсу ҷанҷоли  байниҳамдигарии сокинони деҳаро барангехтаанд, номбар кардааст.
Дар рафти санҷиш маълум гардид, ки Карим Қосимов қабл аз маҷлиси мазкур вазифаи раисии МХҶ-ро ба уҳда доштааст. Ӯ ва тарафдоронаш Юсуф Зарифов ва Рустам Амиров (сокинони ҳамин деҳа) зимни суҳбат бори дигар  аз ҷараёни баргузории  он маҷлис ёдовар шуда, гуфтанд, ки барои ҳалли ин масъала ба унвони раиси ноҳия ва дигар идораҳои марбута бо имзои 62 нафар сокинони деҳа мактуби шикоятии дастҷамъона навишта, интизори посуханд. Онҳо бо тааҷҷуб арз намуданд, ки мактуби дастҷамъонаи навбатии онҳо бо кадом роҳе қабл аз санҷиши масъулон ба дасти раиси нав афтодааст ва баъзе имзокунандагон  зери маломати ӯ мондаанд.
Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Саъдулло Раҳимзода дар баробари таъйиди дурустии ин хабар, қайд намуд, ки мо, аъзои гурӯҳи таъсисдодаи раиси ноҳия, дар ҳайати муовини раиси ноҳия Л. Шарифзода, роҳбари дастгоҳ С. Раҳимзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа А. Зарифов, сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кадрҳо Р. Ҳакимов ба деҳаи Туто рафта, шикояти навбатии сокинонро санҷидем ва аз натиҷаи санҷиш ба раиси ноҳия гузориш пешниҳод кардем. Раиси ноҳия қарор дод, ки рӯзҳои наздик бо аҳли деҳа вохӯрда, масъаларо дар якҷоягӣ ҳаллу фасл менамоянд. Санҷиш дар ҳақиқат, собит намуд, ки Бекмурод Давлатов раиси мақомоти худфаъолиятии ҷамъиятӣ интихоб шудааст, аммо имзокунандагони номаи шикоятии дастҷамъона, аз ин, ҳамчунин, фаъолияти раиси нав розӣ нестанд.
Раиси деҳоти Балховӣ Ғаффор Шарифов дар хусуси ин масъалаи баҳсангез чунин иброз дошт:
- Аксарияти интихобкунандагон изҳор намуданд, ки касе аз номзадҳо овози бештарро соҳиб шавад, мо ӯро раис интихоб мекунем. Ба қавли онҳо амал кардем. Воқеан, барои интихоби шаффоф ҷамъ намудани  ҳамаи касоне, ки ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд, ҳусусан дар ин рӯзҳо, мушкил аст. Худи ҳамин муаллифи мактуб ҳам дар вақташ айнан ҳамин тарз раиси МХҶ интихоб шуда буд. Минбаъд ба хотири он, ки дигар ин гуна нофаҳмию баҳсҳо ба миён наоянд, зарур аст, ки  зимни интихоби раис хона ба хона гашта,  аз қуттиҳои овоздиҳии сайёр истифода намоем.
«Ҷумҳурият» мавзӯъро минбаъд низ пайгирӣ мекунад.
Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.07.2017    №: 160    Мутолиа карданд: 1154
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед