logo

туризм

ВАРЗОБ. САЙЁҲӢ РӮ БА РУШД АСТ

Варзоб яке аз минтақаҳои сайёҳии кишвар буда, байни сокинони пойтахт ва меҳмонони хориҷӣ маъруфияти бештар дорад. Таҳлили вазъи феълии сайёҳии воридотӣ ва дохилии ноҳия шаҳодат медиҳад, ки Варзоб ҳамчун минтақаи истироҳатӣ, табобатӣ, санаторӣ ва сайёҳӣ рушд меёбад.
Дар дараи Варзоб дарёи ҳамном, миқдори зиёди истироҳатгоҳҳо, ошхонаву тарабхонаҳо, маҷмааи лижаронии «Сафед-дара», маҷмааи меҳмонхонавӣ – табобатии «Сароб», иншооти машҳури сайёҳию табобатӣ - осоишгоҳи Хоҷа Обигарм, Боғи ботаникии ноҳияи Варзоб, олами набототу ҳайвонот, шаршараи 30-метраи Ғузғарф, дараи дарёҳои Сиёма, Кондара, Майхура ва Такоб, ёдгории таърихиву табиии  Хоҷа Сангхок ва ғайра ҷой гирифтаанд. Ҳамаи ин дороиҳо имкон медиҳанд, ки дар ояндаи наздик дар ҳудуди ноҳия навъҳои афзалиятноки сайёҳӣ – кӯҳнавардӣ, пиёдагардии кӯҳию варзишӣ, аспӣ, автомобилӣ, экологӣ, табобатӣ, санаторию курортӣ ва истироҳатӣ, касбӣ- коргузорӣ, таърихию маърифатӣ ва этнографӣ, рафтинг (қаиқронӣ дар дарёҳо), лижаронии кӯҳӣ, шикорӣ (барои хориҷиён) ривоҷ дода шаванд.
Вале аз таҳлил ва ҳисоботи воридшавии сайёҳони дохиливу хориҷӣ дар ноҳия бармеояд, ки сайёҳон бештар ба сайёҳии экологӣ, варзишӣ-кӯҳӣ ва экстремалӣ мароқ зоҳир мекунанд.
Барои рушди минбаъдаи иқтисодиёти Варзоб туризм нақши муҳим дошта, яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Айни замон сиёсати давлатиро дар ноҳияи Варзоб вобаста ба рушди сайёҳӣ муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи сайёҳӣ ва сохторҳои соҳавӣ татбиқ менамоянд. Вале минтақаҳои асосӣ ва ҳудудҳои табиию рекреатсионӣ ба сохторҳои мухталифи давлатию хусусӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии ҷумҳурӣ, мансубанд. Аз ин рӯ, барои самаранок татбиқ намудани мақсадҳои стратегии давлат, таҳкими заминаи моддию техникии соҳа ва истифодаи самараноки иншооти сайёҳии тобеи идораву иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, бояд пешниҳодҳои мушаххас таҳия шаванд. Ғайр аз ин, дар ноҳияе, ки минтақаи сайёҳӣ мебошад, пас аз таъсиси сохтори алоҳида оид ба рушди сайёҳӣ ягон воҳиди корӣ ҷудо нашудааст, ки ин боиси нигаронӣ аст.
Бино ба андешаи коршиносон, ташаккули стратегияи муосири  маркетингӣ ҷиҳати таҳия ва пешбурди минбаъдаи саноати сайёҳӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ дар асоси бренди миллӣ яке аз вазифаҳои асосӣ барои рушди сайёҳӣ дар ноҳияи Варзоб ба ҳисоб меравад.
Гуфтан ба маврид аст, ки ноҳияи Варзоб бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 18 августи соли 1999 минтақаи истироҳатӣ ва сайёҳӣ эълон гардид. Баъдан, 9 ноябри соли 2001 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи мақсадноки комплексии рушди ноҳияи Варзоб» тасдиқ гардид, ки ҷиҳати табдил ёфтани ноҳия ба минтақаи истироҳатӣ, табобатӣ, санаторию курортӣ ва сайёҳӣ асос гузошт.
Тавре Баҳриддин Нозимзода, муовини раиси ноҳияи Варзоб, оид ба соҳаи сайёҳӣ иттилоъ дод, мувофиқи ҳисоботи бахши омории ноҳия, дар нимсолаи якуми соли 2017 ба минтақаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳҳои табобатии ноҳияи Варзоб 75 000 сайёҳи дохиливу хориҷӣ омадааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25 500 нафар зиёд мебошад. Ба гуфтаи ӯ, солҳои охир тамоюли устувори афзоиши ташрифи сайёҳон ба ноҳия мушоҳида мешавад.
Бо вуҷуди натиҷаҳои назаррас дар самти сайёҳӣ, ба ақидаи коршиносон, барои рушди устувори соҳа дар ноҳия иҷрои як қатор тадбирҳо зарур аст. Аз ҷумла, беҳтар намудани ҳолати инфрасохтори сайёҳии миллӣ ва ноил шудан ба сатҳи муосири фаъолияти онҳо, анҷом додани таҳлилҳои маҷмӯӣ доир ба самаранокии кори тамоми иншооти бахшҳои хусусӣ ва давлатӣ (меҳмонхонаҳо, минтақаҳои истироҳатӣ, осоишгоҳҳо, кемпингҳо) ва мувофиқ кардани фаъолияти онҳо ба талаботи меъёрию ҳуқуқии соҳаи сайёҳӣ.
Шаҳноз ҚУРБОНОВА
Лола РИЗОЕВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.07.2017    №: 160    Мутолиа карданд: 3227
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед