logo

ҳуқуқ

ТАЪМИНИ ТАРТИБОТ. АЗ БОЗДОШТИ 900 ҶИНОЯТПЕША ТО ҶАВОБГАРИИ ВОЛИДОНИ БЕМАСЪУЛИЯТ

Пешгирии гароиши наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва гурӯҳҳои моҷароҷӯю тахрибкор дар меҳвари фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, махсусан мақомоти корҳои дохилӣ, қарор гирифтааст.

Ин матлабро Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи ин ниҳоди қудратӣ баён намуд. Ба гуфтаи ӯ, иштироки ноболиғон дар интернет - кафеҳою марказҳои дилхушӣ, истифода аз сомонаҳои шубҳабарангезу шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ва ба ҳамин васила пайвастани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои даҳшатафкану ифротгаро ҳамоно ташвишовар боқӣ мемонад. Бо назардошти муҳимияти мушкилоти ҷойдошта, мақомот назоратро дар ин самт пурзӯр намуда, фаъолияти 78 сомонаро барои паҳн кардани идеяю ақидаҳои ифротгароӣ, зиддидавлатӣ ва зиддиконститутсионӣ  қатъ гардонд. Дар шаш моҳи соли равон танҳо дар шаҳри Душанбе 4735 ноболиғ дастгир шуда, нисбат ба падару модари онҳо 3273 мавод барои чораҷӯӣ ба суд ирсол гардид.
Вазири корҳои дохилӣ муборизаи дастаҷамъона алайҳи гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпешаро аз самтҳои муҳими дигари фаъолияти мақомот арзёбӣ намуда, тазаккур дод, ки маҳз бо ҳамин мақсад дар сохтори вазорат раёсатҳои мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва кофтукови ҷиноятӣ таъсис ёфтанд. Сохторҳои навтаъсис дар зарфи фаъолияти худ бо гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалиётҳои вижа як қатор ҷиноятҳоро ошкор сохта, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпешаро муайян ва безарар гардонданд.  Масалан, аз 4576 ҷинояткори хавфноки дар кофтуков қарордошта, наздик ба 900 нафараш муайян ва дастгир шуд. Дар мавриди баргардондани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ, ки ба таҳсилоти ғайриқонунии динӣ фаро гирифта шудаанд, корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ ҷоннок гардиданд. Натиҷаи ин аст, ки дар давраи ҳисоботӣ 22 нафар ба Ватан баргардонда шуда, барои бозхонди 378 нафари боқимонда корҳои оперативӣ-профилактикӣ тавсеа ёфта истодаанд.
Ҳарчанд талабот дар самти риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» пурзӯр гардида бошад ҳам, далелҳои қонуншиканӣ ҳамоно ба мушоҳида мерасанд. Мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳамбастагӣ бо дигар ниҳодҳои дахлдор нисбат ба волидоне, ки уҳдадориҳои худро иҷро накардаанд, бо дастрасии моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10378  протоколи маъмурӣ тартиб дода, ба судҳои шаҳру ноҳияҳо ирсол намуд. Падару модароне, ки фарзандони худро таҳти назорати доимӣ қарор надодаанду дар натиҷа онҳо даст ба ҳуқуқвайронкунӣ задаанд, ба маблағи 896 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.
Вазири корҳои дохилӣ дар нишаст ба масоили мубрами дигар, аз ҷумла харидуфурӯши замин, ҷиноятҳои мухаддиротӣ, мусодираи силоҳи оташфишон ва ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд. Аз ҷумла, зикр сохт, ки вобаста ба худсарона ишғол намудани қитъаҳои замин дар 882 ҳолат, фурӯши замин бо роҳи қаллобӣ 41, сохтакорӣ ва омода намудани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ дар 16 ҳолат ҷиноят содир шудааст.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.07.2017    №: 160    Мутолиа карданд: 1108
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед