logo

маориф

КӮЛОБ. АЗ МАКТАБҲОИ ТАЪМИРТАЛАБ ТО НОРАСОИИ ФАРОҒАТГОҲҲО

Дар шаҳри Кӯлоб 70 муассиса ва марказҳои таълимиву тарбиявӣ, аз ҷумла 4 литсей ва 10 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, амал мекунад. Аз ин шумора 9 муассисаи таълимӣ ба таъмири асосӣ ниёзманд буда,  мактабҳои №№ 20, 38 ва 41 дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.

Бино ба гуфтаи Абдулманнон Раҳмонов, сардори раёсати маориф ва илми шаҳри Кӯлоб, чанде аз ин мактабҳо агар пурра ба таъмири асосӣ ниёз дошта бошанд, чандтои дигарашон қисман бояд аз таъмири асосӣ бароварда шаванд. Масалан, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 31, 39 танҳо варзишгоҳҳо таъмирталаб шудаанд. Биноҳои асосии таълимӣ бошанд, дар ҳолати хуб қарор доранд. 
- Бояд тазаккур дод, ки имсол барои таъмири муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби буҷети шаҳр 346 ҳазору 250 сомонӣ ҷудо шудааст, вале то ҳол муассисаҳои таълимӣ маблағҳои дар смета бударо нагирифтаанд. То 1 июли соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои Ассотсиатсияи волидон ва омӯзгорон таъмири ҷории синфхонаҳо, роҳравҳо ва дигар қисматҳои муҳими мактабҳо ба анҷом расида, корҳои такмилдиҳӣ дар ин самт идома доранд, - изҳор дошт А. Раҳмонов.  
Соли гузаша дар мавриди иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» ба чор нафар мутахассиси ҷавон замини наздиҳавлигӣ, панҷ нафар замини полизӣ ва ба чор нафари дигар қарзҳои имтиёзнок дода шуд. Вале ин ҳама маълумоти соли гузашта аст, дар мавриди имтиёзҳои имсол ба омӯзгорони ҷавон додашуда касе чизе гуфта натавонист. 
Аз омори дусолаи раёсат бармеояд, ки ҳар сол танҳо аз ҳисоби духтарон аз 15 то 20 нафар тибқи Квотаи президентӣ ба макотиби олӣ дохил мешаванд. Мувофиқи шартномаи сетарафа (мақомоти маҳаллӣ, мактабӣ олӣ ва донишҷӯи тибқи квота таҳсилкунанда) мақомоти маҳаллӣ уҳдадор мешавад, ки ба мутахассиси ҷавон ва аҳли оилаи ӯ барои истифодаи меросии якумра аз ҳисоби фонди ягонаи давлатӣ замин ҷудо намояд.
Қабули довталабон тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки зиёда аз 70 дарсади хатмкунандагони соли ҷорӣ барои донишҷӯ шудан ҳуҷҷат супоранд. Соли гузашта 2404 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохил шуданд, ки аз ин миқдор 1764 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Имсол 33 нафар духтару писари болаёқат тибқи Квотаи президентӣ шомили донишгоҳу донишкадаҳои олӣ гаштанд.
- 70 муассисаи таълимиву тарбиявии шаҳр дар маҷмӯъ 1534 адад компютер дошта, ба 13 нафар хонанда 1 компютер рост меояд, - иттилоъ дод А. Раҳмонов. Дар мактабҳо, ки асосҳои технологияи навин омӯзонда мешаванд, шумораи компютерҳо бисёр кам аст. Албатта, имрӯзҳо дар аксари хонаводаҳо телефон, планшет, ноутбук ва компютерҳои корӣ ҳастанд, вале бештари насли наврас фарҳанги истифодабарӣ, барномаҳои зарурии кориро надониста, онҳоро чун асбоби дилхушӣ ва ё фароғатӣ истифода мебаранд, ки боиси таассуф аст.
Як масъалаи муҳими дигар фаъолияти фароғатгоҳи «Шарора» аст. Фароғатгоҳи мазкур дар ду давра 260 нафар хонандагони синфҳои 2-8 - ро дар бар гирифта, давомнокии истироҳат 15 рӯз аст. Аз ҷумла, аз ҳисоби Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ низ фароғатгоҳи дигар амал мекунад. Дар фароғатгоҳҳои мазкур наврасон ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, хондани китобҳои бадеӣ, шоҳмотбозӣ ва дигар намудҳои варзиш машғул мешаванд. Вале дар миқёси шаҳр амал кардани ду фароғатгоҳ барои ҳазорон хонандаи мактаб ва кӯдакони омӯзгорони донишгоҳ нокифоя аст.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.07.2017    №: 160    Мутолиа карданд: 2427
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед