суханрониҳо
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифодадиҳии маркази тиббӣ, 6 сентябри соли 2009
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз мову шумо дар арафаи ҷашнгирии 18-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишварамон шоҳиди ба истифодаи мардуми мамлакат супурдани боз як иншооти муҳими иҷтимоӣ – маркази тиббии аз ҳар лиҳоз муосир гардидем.
Чунон ки шумо огоҳ ҳастед, Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз қадамҳои нахустини худ соҳаи тандурустиро самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ эълон кардааст.
Ҳамин аст, ки дар давоми 18 соли истиқлолият бо истифода аз маблағҳои буҷети давлатӣ ва ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ зиёда аз 750 муассисаи нави тандурустӣ бунёд гардида, бо таҷҳизоту технологияи муосири тиббӣ ҷиҳозонида шудааст.
Фароҳам овардани шароити мусоид, ворид намудани шаклҳои нави ташхис имконият дод, ки имрӯз табобати қисми зиёди беморону корафтодагон дар дохили кишвар анҷом дода шавад.
Вале таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки яке аз роҳҳои баланд бардоштани сатҳ ва сифати кӯмаки тиббию беҳдоштӣ ин васеъ намудани усулҳои хизматрасонии тиббӣ ва ба роҳ мондани шаклҳои гуногуни он мебошад.
Яке аз чунин шаклҳои хизматрасонии тиббӣ, ки метавонад омили рақобатпазири баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ гардад, тибби хусусӣ мебошад.
Дар баробари ин, рушди тибби хусусӣ метавонад барои ба мардум дастрас намудани номгӯи васеи хизматрасониҳои тиббӣ ва истифодаи технологияи навтарини тиббӣ имконият фароҳам оварад.
Намунаи дастовардҳои тибби хусусиро дар мисоли давлатҳои тараққикардаи ҷаҳони мутамаддин дидан мумкин аст.
Чунончи, таҳлили вазъи муассисаҳои тандурустии давлатҳои Аврупо, аз ҷумла Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар соли 2008 нишон медиҳад, ки зиёда аз 50 фоизи кӯмаки тиббию беҳдоштии расонидашуда ба сохторҳои хусусии тиббӣ рост меояд.
Агар яке аз омилҳои муҳими рушди тибби хусусӣ ин дар як радиф мондани муассисаҳои тибби хусусӣ бо муассисаҳои давлатии тандурустӣ бошад, омили дигар воридоти технологияи навтарин ва усулҳои самарабахш дар фаъолияти тибби хусусӣ мебошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир вазъи хизматрасониҳои тиббиро ба назар гирифта, дар баробари сохторҳои давлатии тандурустӣ ба тибби хусусӣ низ диққати махсус зоҳир намуда истодааст.
Далели ин гуфтаҳо ҳанӯз соли 2002 қабул шудан ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти тибби хусусӣ» ва як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар дар ин самт мебошад.
Ҳамзамон бо ин, ман борҳо дар суханрониҳои худ, инчунин ҳангоми вохӯриҳо бо кормандони соҳаи тандурустӣ ва дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ оид ба зарурат ва роҳҳои рушди тибби хусусӣ таъкид намуда будам.
Натиҷаи дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки имрӯз ба 300 нафар шахси ҳуқуқӣ ва воқеӣ иҷозатномаи машғул шудан ба тибби хусусӣ дода шудааст ва ин раванд метавонад ҳаққи интихоб ва рақобати солимро ба вуҷуд оварад.
Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар айни ҳол қисми зиёди шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дорои иҷозатномаҳои тибби хусусӣ танҳо бо корҳои ташхисӣ ва кӯмаки аввалияи тиббӣ машғуланд, ки чунин амал мушкилоти соҳаро дар маҷмӯъ ҳал карда наметавонад.
Барои рушди тибби хусусӣ дар Тоҷикистон ҳоло тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд. Аз ҷумла, мӯҳлати бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ аз 45 рӯз то ба 5 рӯз кам карда шудааст.
Маҳз бо фароҳам овардани чунин шароити мусоид, инчунин ҷалби маблағҳои инвеститсионии дохиливу хориҷӣ соҳаҳои гуногун, аз ҷумла соҳаи тиб низ дар солҳои охир рушд ёфта истодааст.
Маркази тиббии имрӯза, ки мо онро дар арафаи 18-солагии яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи миллатамон, яъне Истиқлолияти давлатӣ ба истифода супурдем, дар соҳаи тандурустӣ яке аз аввалин муассисаҳои тиббӣ мебошад, ки бо маблағгузории сармоягузорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон омодаи хизмат гардид.
Ин иншооти муҳими иҷтимоӣ бо сарфи зиёда аз 35 миллион сомонӣ дар бинои 9 - ошёна, ки дар 7 ошёнаи он маркази тиббӣ бо шумораи умумии 150 кат пешбинӣ шудааст, мавриди истифода қарор дода шуд.
Марказ дорои шӯъбаҳои ҷарроҳии дил, бемориҳои гурда, озмоишгоҳ ва дармонгоҳ мебошад. Ҳамзамон бо ин, дар назар аст, ки ояндаи наздик ба маркази мазкур ба таври илова ба маблағи қариб 7 миллион сомонӣ таҷҳизоти муосири тиббӣ ворид гардад ва ин имкон хоҳад дод, ки якчанд намуди дигари хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи муосир ба роҳ монда шавад.
Дар марказ аз ҷониби мутахассисони варзидаи хориҷӣ, аз ҷумла табибони эронӣ ва олмонӣ ҳамаи намудҳои ҷарроҳии дил, гурда ва амалиёти ҷарроҳӣ бо истифода аз усули ҷарроҳии эндоскопӣ анҷом дода мешавад.
Марказ бо навтарин дастгоҳҳо ва таҷҳизоти истеҳсоли Олмон, Амрико ва Эрон муҷаҳҳаз гардонида шудааст ва дар он табибони Тоҷикистон, Олмон ва Эрон ба муолиҷаи беморон машғул хоҳанд шуд.
Бемороне, ки то ба ҳол барои ташхис ва гузаронидани амалиёти ҷарроҳии қалб бо харҷи зиёд ба кишварҳои хориҷӣ мерафтанд, минбаъд метавонанд дар дохили кишвар ташхис ва табобати сатҳи ҷаҳонӣ гиранд.
Бояд тазаккур дод, ки баъди ба истифода додани марказ 250 ҷойи кори доимӣ фароҳам меояд, ки беш аз 60 фоизи онро мутахассисони ватанӣ ишғол хоҳанд кард. Инчунин маркази мазкур метавонад ҳамчун пойгоҳи муҳими омӯзишӣ ва такмили ихтисос барои мутахассисони ватанию хориҷӣ истифода бурда шавад.
Рушди тибби хусусӣ дар кишвар, дар баробари ин, ба баландшавии музди меҳнати кормандони соҳаи тиб мусоидат карда, метавонад ҳамчун омили боздошти ба хориҷа рафтани мутахассисони соҳа, истифодаи технологияи навтарин дар самти ташхису табобат ва фароҳам овардани шароити муносибу рақобати озод хизмат намояд.
Дар баробари ин, бояд гуфт, ки то ба ҳол мушкилоте мавҷуданд, ки барои дар сатҳи зарурӣ инкишоф ёфтани тибби хусусӣ монеаҳо эҷод менамоянд ва зарур аст, ки ин монеаҳо ҳарчи зудтар бартараф карда шаванд.
Бинобар ин, ба Вазорати тандурустӣ супориш дода мешавад, ки якҷоя бо дигар вазорату идораҳои дахлдор дар асоси омӯзиш ва арзёбии вазъи имрӯзаи тибби хусусӣ барои таъмини инкишофи минбаъдаи ин шакли хизматрасонии тиббӣ масъалаҳои вобаста ба таъмини сатҳи баланди хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, танзими нархи хизматрасонӣ дар муассисаҳои тиббии хусусӣ, пешниҳоди имтиёзҳои муайян барои муассисаҳои хусусии тиббӣ, аз ҷумла дар бобати ҷудо намудани биноҳо ва қитъаҳои замин барои сохтмон аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ва дарозмуддат барои таҷҳизонидани муассисаҳои хусусии тиббӣ, дар мавриди ворид намудани таҷҳизоти муосири тиббӣ, қабул намудани барномаи давлатии дастгирии лизинги имтиёзноки таҷҳизоти тиббӣ ва таҳия намудани дурнамои бахши тибби хусусӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодоти мушаххас манзур намояд.
Такроран таъкид месозам, ки ҳадафи асосии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳарчи бештар тараққӣ додани соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла хизматрасонии хусусии тиббӣ мебошад. Аз ин рӯ, мо минбаъд низ ба хотири рушди ин соҳа ҳамаи чораҳои заруриро меандешем. Зеро чунон ки дар яке аз суханрониҳои худ изҳор дошта будам, саломатии миллат боигарии давлат мебошад.
Дар охир бори дигар ҳамаи шумо, ворисони ростини фарзанди бузурги миллати тоҷик Абӯалии Синоро ба ифтихори фарорасии солгарди Истиқлолият табрик намуда, бароятон дар ҳифзи саломатӣ, дарозумрӣ ва саодату хушбахтии мардуми кишвар барору пешравиҳо орзумандам.
Ҳамчунин ба дӯстони эронӣ, ки барои бунёди маркази муҷаҳҳазу мӯҳташам саҳми арзандаи бародарона гузоштаанд, инчунин ба ҳамаи онҳое, ки дар сохтмони бинои замонавӣ ширкат кардаанд, изҳори сипос карда, пешниҳод менамоям, ки ба хотири бузургдошти хизматҳои барҷастаи фарзанди фарзонаи миллатамон Абӯалӣ ибни Сино ин муассиса «Маркази тиббии Ибни Сино» номида шавад.
Ҳамеша тансиҳату хонаобод бошед!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3171