logo

энергетика

НБО – И ХУРДИ БАРҚӢ. ТАҶРИБАИ МУОСИРИ ҶАҲОНӢ ТАТБИҚ МЕГАРДАД

Дар доираи иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи аз худ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурд барои солҳои 2016 - 2020» корҳои сохтмонӣ ва лоиҳакашии НБО - и хурд дар шаҳру ноҳияҳои Балҷувон, Бохтар, Дӯстӣ, Шамсиддини Шоҳин, Ванҷ, Мурғоб, Роштқалъа, Рашт, Айнӣ ва Панҷакент бо иқтидорҳои аз 75 то 10000 кВт, ки иқтидори умумиашон 13230 кВт - ро дар бар мегирад, ба роҳ монда шудаанд.

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар гуфт, ки давоми шаш моҳи аввали соли равон дар доираи ин барнома бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Барномаи таҳвили технология ва рушди бозор барои НБО - и хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар деҳаи Сорвои Ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат НБО - и хурди «Сорво - 7» бо иқтидори 30 кВт мавриди истифода қарор дода шудааст.
Дар заминаи барнома бо дастгирии Ҳукумати кишвар, ширкати олмонии «DPU Investment GmbH» ва ширкати тоҷикистонии «Netracon Technologies Fze» тариқи кумаки бебозгашт дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон таҷҳизоти барқдиҳандаи офтобӣ бо иқтидори 30 кВт соат васл карда шуд, ки барои ҷорӣ намудани технологияи муосири олмонӣ ва таҷрибаомӯзии донишҷӯёну мутахассисони соҳа бо неругоҳҳои барқи офтобӣ нигаронда шудааст.
Дар ин давра, дар доираи 8 лоиҳаи сармоягузории давлатии соҳаи электроэнергетика, аз ҷумла «Лоиҳаи минтақавии интиқоли барқ», «Кам намудани талафоти неру дар вилояти Суғд», лоиҳаи «Ҷорӣ намудани системаи ҳисоби яклухти интиқоли неруи барқ ва беҳдошти шабакаҳои интиқоли барқ», «Сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2», «Таҷдиди НБО-и Сарбанд, «Таҷдиди зеристгоҳи барқии 220 кВт Равшан», «Сохтмони хати интиқоли барқи 110кВт Помир-1-Хоруғ» ва «Таҷдиди НБО - и хурди Оқсу» дар ноҳияи Мурғоб бо маблағи беш аз 700 миллион доллари ИМА идома дорад.
Инчунин, 4 лоиҳаи давлатии сармоягузории дигар - «Таҷдиди НБО-и Қайроққум», «Таҷдиди НБО-и Норак», лоиҳаи «CASA-1000» ва «Сохтмони ХИБ 500 кВт дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» бо ҷалби қариб 1 миллиард доллари ИМА дар ҷараёни озмунҳо қарор доранд.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.08.2017    №: 162    Мутолиа карданд: 18817
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед