logo

ҳуқуқ

ҲУҚУҚВАЙРОНКУНӢ. АЗ БОЗДОШТИ 138 НОБОЛИҒ ТО 8400 СОМОНӢ ҶАРИМАИ ВОЛИДОН

Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб фаъолияташро баҳри амалисозии сиёсати давлат, қарорҳои Ҳукумати мамлакат, дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.
Тавре Умарҷон Саидамиров, котиби комиссияи ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, ба «Ҷумҳурият»  иттилоъ дод, ҳамкории комиссия бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шуъбаҳои маориф, кор бо занон ва оила, бахши ҷавонон ва варзиш дар самти таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва пешгирии ҳолатҳои ба ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят даст задани ноболиғон хуб ба роҳ монда шудааст. Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аъзои комиссия бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии гароиши наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ суҳбату вохӯриҳои судманд доир намуданд. Дар ин давра аз ҷониби мақомоти ба таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дахлдори шаҳр 20 амалиёти муштараки профилактикӣ дар кӯчаю бозор, марказҳои компютерӣ, масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта бо номҳои «Тартибот», «Наврас», «Бозор», «Оворагард» гузаронда шуданд. Дар натиҷа 138 ноболиғ боздошт ва дар шуъбаи хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонони ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб сабти ном шуд.
Зикр гардид, ки аъзои комиссия бинобар риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нисбат ба 86 нафар падару модар дар асоси моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дод. Бо ҳукми суди шаҳри Кӯлоб аз 70 нафар 8400 сомонӣ ҷарима ситонда шуда, ба буҷет ворид гардид.
Ба гуфтаи Умарҷон Саидамиров, дар шаҳр ҷиҳати амалӣ гардидани чорабиниҳои пешбинигардида ва дар ин замина тарбия намудани насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, волоияти қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ноболиғон, аз ҷумла кӯдакони имконияташон маҳдуд тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.08.2017    №: 162    Мутолиа карданд: 1233
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед