logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани зеристгоҳи «Душанбе-500», 8 сентябри соли 2009

Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони гиромӣ!
Сохтмончиёни мӯҳтарам!

Мардуми шарифи Тоҷикистон шоҳиди талошҳои ҳамарӯзаи Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар мебошанд ва мо то имрӯз корҳои зиёдеро амалӣ карда, дар ин самт аллакай ба бисёр натиҷаҳои мусбат ноил гардидаем. Аз ҷумла,  Нерӯгоҳи барқи обии  «Сангтӯда-1» пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бунёди нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» то ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне соли 2011-ум ба анҷом расонида хоҳад шуд. Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва як силсила нерӯгоҳҳои хурд босуръат идома дошта, вақтҳои наздик оғози як қатор нерӯгоҳҳои миёнаи барқи обӣ ба нақша гирифта шудааст.
Мо баъди чанд лаҳза ба сохтмони Маркази нави барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе, ки иқтидораш 270 мегаватт мебошад, оғоз мекунем. Бо дарназардошти сохтмони иншооти мазкур барои мо масъалаи барпо намудани инфраструктураи интиқоли нерӯи барқ дар дохили кишвар ва берун аз он  аҳамияти хоса пайдо менамояд.
Дар ҷараёни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин бо мақсади иштирок дар вохӯрии Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар моҳи июни соли 2006 созишномаҳои кредитӣ ва қарордоди сохтмони хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 500 - киловолтаи «Ҷануб-Шимол» ва 220 - киловолтаи «Лолазор – Хатлон» ба имзо расида буданд.
Дар доираи татбиқи ин созишномаҳо  16 сентябри соли 2006 дар ҳамин мавзеъ, ки ҳоло тавассути меҳнати бунёдкоронаи коргарон ва мутахассисони тоҷику чин хеле обод гаштааст, мо бо Раиси Шӯрои давлатии Ҷумҳурии  Мардумии Чин Вэн Зябао дар  маросими тантанавии оғози расмии сохтмон иштирок намуда, ба бунёдкорони он барори кор орзу карда будем. Хати интиқоли барқи баландшиддати 220 - киловолтаи «Лолазор–Хатлон» соли гузашта пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳоло бошад, сохтмони хати интиқоли барқи баландшиддити 500 - киловолтаи « Ҷануб – Шимол» вусъат мегирад ва дар назар аст, ки он пеш аз мӯҳлат, яъне то охири соли ҷорӣ ба истифода дода хоҳад шуд.
Имрӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани зеристгоҳи «Душанбе-500», ки дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сурат мегирад, тӯҳфаи арзандаи идона ба мардуми шарифи тоҷик мебошад ва ба ин муносибат ҳамаи шуморо табрик гуфта, ба кулли кормандони муҳандисиву техникии ҳар ду тараф, сохтмончиён ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин иншооти бузург саҳм гирифтаанд, изҳори сипосу қадрдонӣ менамоям.
Тибқи лоиҳа тавассути хати «Ҷануб- Шимол» дар як сол имконияти интиқоли 8 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ пайдо хоҳад шуд. Дар баробари ин, мавриди истифода қарор гирифтани хати мазкур талафоти нерӯи барқро аз истеҳсолкунанда то истеъмолкунандагон коҳиш дода,  сифати таъмини онро баланд мебардорад.
Бо мақсади ба таври самаранок ва дуруст истифода намудан аз иншооти мазкур яқ қатор мутахассисони маҳаллӣ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла идораи компютерӣ, ҳимояи реле, низоми истифодабарии таҷҳизоти муосири технологӣ ва дастгоҳҳои алоқаи замонавӣ барои омӯзиш ба Ҷумҳурии Мардумии Чин фиристода шуданд.
Ҳозирини гиромӣ!
Иншооте, ки имрӯз мо онро мавриди баҳрабардорӣ қарор додем, боз як нишонаи равшани таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад.
Равобити созандаву самарабахш ва ҳамкориву ҳамдастии кишвари мо бо ҳамсояи бузурги шарқиамон дар чаҳорчӯбаи муносибатҳои дуҷониба ва дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай торафт вусъат пайдо карда, соҳаҳо ва самтҳои навро дар бар мегиранд. Аз ҷумла, аз ҷониби кишвари ҳамсоя баррасӣ шудани як қатор лоиҳаҳои дигар дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишварамон гувоҳи сатҳи баланди робитаҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамкории дӯстонаи мо мебошад.
Инчунин, бо вуҷуди таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ  дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, беш аз 140 фоиз афзудани гардиши савдои хориҷии байни ду кишвар низ баёнгари густариши робитаҳои мо мебошад.
Мардуми қадршиноси Тоҷикистон ин иқдоми кишвари ба мо дӯстро бо изҳори сипос арзёбӣ намуда, барои таҳкиму густариши ҳарчи бештари чунин ҳамкориҳо кӯшишу талош хоҳад намуд.
Дар охир ҳамаи шумо – ҳозирини мӯҳтарамро ба ифтихори ҷашни бузурги миллиамон – 18-умин солгарди  Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, бори дигар ба дӯстони хитоии мо – сохтмончиён, кормандони муҳандисиву техникӣ ва кулли онҳое, ки дар ин кори хайр саҳм гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ менамоям ва ба ҳамаатон саломатӣ, хушбахтӣ ва барори кор мехоҳам. 
Пирӯзу сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3088
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед