logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ва ПОСУХ

Ба саволҳо Ғуфрон БОЙМАТОВ - узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фарҳод ТОИРОВ, менеҷери департаменти муносибат ва ҳимояи Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон, ҷавоб доданд. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238-54-16 ба мо муроҷиат намоянд.
- Манзили истиқоматиеро, ки айни замон бо аҳли оилаам дар он зиндагӣ карда истодаам, соли 1998 дар асоси шартномаи шифоҳии иҷора ба иҷора аз соҳибмулки он гирифта будам. Соҳибмулк соли 2000-ум аз олам даргузашт. Ӯ ягон меросхӯр ё шахси наздик надорад.  Муддати зиёда аз 15 сол аст, ки мо дар ин манзили истиқоматӣ зиндагӣ карда, ҳаққи хизматрасонии коммуналӣ, барқ, об ва андозро сари вақт пардохт карда истодаем. Дар чунин ҳолат оё ман метавонам ин хонаро ба номи худам ба расмият дароварда, соҳибмулк гардам?
Б. Холқӯзиева, шаҳри Гулистон

- Тибқи муқаррароти моддаи 258 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон агар шаҳрванд молу мулки ғайриманқулро, ки ба ӯ тааллуқ надорад, муҳлати 15 сол софдилона ва бетанаффус ҳамчун моликияти ғайриманқули худ соҳибӣ карда бошад, ин шахс ҳуқуқи соҳибмулкиро ба моликият ба даст меорад.
Аз сабаби он ки шумо ва аъзои оилаатон зиёда аз 15 сол дар ин манзили истиқоматӣ зиндагии бефосила доред  ва соҳибмулки он дар қайди ҳаёт набуда, ворисони қонунӣ низ надорад, ҳуқуқ доред ба суди маҳали зистатон бо ариза оид ба эътироф намудани  ҳуқуқи соҳибмулкӣ дар асоси давомнокии  муҳлати ба даст овардан, муроҷиат намоед.

* * *
- Шавҳари маро бо ҳукми суд 9 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Ман мехоҳам аз ӯ ҷудо шавам. Барои анҷоми ин кор ба куҷо муроҷиат намоям?
Сарвиноз, шаҳри Қӯрғонтеппа

- Мувофиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” агар кадоме аз ҳамсарон барои содир кардани ҷиноят бо ҳукми суд зиёда аз 3 сол аз озодӣ маҳрум шуда бошад, ҳамсари дигар метавонад яктарафа ақди никоҳро қатъ намояд. Аз ин рӯ, шумо метавонед ба мақомоти САҲШ бо ариза оид ба бекор кардани ақди никоҳ муроҷиат намоед. Дар ин ҳолат ғайр аз ариза нусхаи ҳукми судро, ки ба қувваи қонунӣ даромадааст, пешниҳод намоед.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.08.2017    №: 163    Мутолиа карданд: 1232
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед