ҳуқуқ
МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ. АЗ 1218 ҶИНОЯТ ТО 225,3 МИЛЛИОН СОМОНӢ ЗАРАРИ МОЛИЯВӢ
Дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ аз тарафи воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1218 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои бо андоз алоқаманд ошкор шудааст, ки 417 адади он ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин дахл дорад.
Дар ин бора Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни натиҷагирӣ аз ҷамъбасти фаъолияти мақомот дар нимсолаи аввали соли 2017 иттилоъ дод. Ӯ дар суҳбат бо хабарнигорон зикр кард, ки бо мақсади таъмини амнияти иқтисодии кишвар мутахассисони самти назорати давлатии молиявии агентӣ дар ин давра дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои идораи барномаҳои аз тарафи созмонҳои байналмилалии молиявӣ маблағгузоришаванда, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 505 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронда, ба маблағи 225,3 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор сохтанд. Дар рафти тафтишу санҷишҳои молиявӣ 151,2 миллион сомонӣ ба давлат барқарор гардидааст, ки ба буҷет 99,1 миллион ва корхонаҳо 52 миллион сомонӣ рост меояд.
Иттилоъ дода шуд, ки аз шумораи умумии ҷиноятҳои ошкоршуда 281 адад ҷинояти азонихудкунӣ ва исрофкорӣ ба ҳисоб рафта, 61 адади онро бошад, ҷиноятҳои марбут ба тасарруфи маблағҳои калон ташкил медиҳад. Инчунин, 414 ҷинояти қаллобӣ, 12 саркашӣ аз пардохти андозҳо аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, 40 ҷиноят вобаста ба гирифтан ва додани пора муайян ва ошкор шудааст. Маблағи умумии зарар бо ҷиноятҳои ошкоргардида 88,1 миллион сомониро ташкил намуда, аз он 38,4 миллион сомонӣ барқарор гардидааст. Содиршавии ҷиноятҳои ошкоргардида ба ВМКБ-114, вилоятҳои Хатлон -383, Суғд-312, шаҳри Душанбе-217 ва ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 192 ҷиноят рост меояд.
Ба гуфтаи Сулаймон Султонзода, натиҷаи тафтишу санҷишҳо дар вазорату идора ва корхонаю муассисаҳо бо иштироки кормандони агентӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, нисбат ба 470 нафар шахси масъул ҷавобгарии маъмурӣ ва моддӣ татбиқ гардида, 19 нафари дигар аз вазифаи ишғолнамудааш озод шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 429 маводи тафтишӣ ба маблағи умумии зарари молиявии 141,5 миллион сомонӣ ирсол гардидааст.
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ ҳашт ҳолати иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалиёти мусаллаҳона дар ҳудуди дигар кишварҳо ошкор шуда, нисбат ба гунаҳгорон бо моддаи 4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва барои тафтиши минбаъда аз рӯи тобеият ба Прокуратураи генералӣ ирсол шудааст.
Дар ин давра кормандони агентӣ вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир 3 ҷиноятро ошкор намуда, аз муомилоти ғайриқонунӣ 5,1 грамм героин, 894 грамм афюн ва 69,170 грамм ҳашиш дарёфт ва мусодира карданд. Инчунин, 5 ҳолати ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ ошкор шуда, аз махфигоҳҳо16 адад силоҳи гуногунтамға, 32 норинҷак ва 737 тири гуногунқутр дарёфт ва мусодира гаштааст.
Зикр гардид, ки муфаттишони агентӣ дар ин давра 442 парвандаи ҷиноятиро ба пешбурд қабул карда, тафтиши пешакии 314 парвандаро нисбат ба 424 нафар ба анҷом расонданд. Аз ин 258 парванда нисбат ба 346 нафар айбдоршаванда бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд ирсол гардидааст. Аз ҷониби муфаттишони агентӣ дар рафти тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ ва санҷиши мавод ба маблағи умумии 87,4 миллион сомонӣ зарари моддӣ ошкор шуда, 71,7 миллион сомонӣ барқарор гардидааст, ки 82 дарсадро ташкил медиҳад.
Додоҷон РӮЗИЕВ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.08.2017 №: 163 Мутолиа карданд: 1264