logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Носири Хусрав, 4 августи соли 2017

Ҳамдиёрони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз мо ба мақсади шиносоӣ бо вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва раванди иҷрои нақшаву барномаҳои давлатӣ, қарорҳои Ҳукумати мамлакат, дастуру супоришҳои додашуда, инчунин, баррасии мушкилоту масъалаҳои мавҷуда ба назди шумо, мардуми заҳматқарини ноҳияи Носири Хусрав, омадем.
Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, сокинони ноҳия ба тараққиёти соҳаи кишоварзӣ эътибори ҷиддӣ дода, бо заҳмату талоши хеш дастархони мардумро фаровон ва диёри худро торафт обод намуда истодаанд. Дар ин раванд бо дастгириҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат соҳаи маорифи ноҳия низ мунтазам пеш рафта, мушкилоти ҷойдоштаи он зина ба зина рафъ мегарданд.
Бояд гуфт, ки то замони таъсиси ноҳияи Носири Хусрав дар он ҳамагӣ 10 муассисаи таълимӣ фаъолият мекард. Дар 20 соли мавҷудияти ноҳия шумораи муассисаҳои таълимӣ ба 26 расида, дар онҳо беш аз 8 ҳазор нафар хонандагон ба омӯзиши илму дониш машғуланд.
Ба хотири беҳтар шудани вазъи ин соҳа бо ҷалби сармояи хориҷӣ (ба маблағи 1,1 миллион сомонӣ) дар деҳаи Лолазори деҳоти Истиқлол муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 300 нафар хонанда, инчунин, соли ҷорӣ 4 бинои нав ва синфхонаҳои иловагӣ барои 2300 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супурда шуданд.
Имрӯз боиси хушнудии сокинон аст, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар боз як муассисаи замонавии таҳсилоти умумии иборат аз 4 бино ва 32 синфхонаи бо тамоми шароити замонавӣ ва таҷҳизоти таълимӣ муҷаҳҳаз дарҳои худро барои 1680 нафар фарзандони мардум боз кард.
Тавре ки мушоҳида кардем, дар мактаби навбунёди имрӯза барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Бинобар ин, кулли кормандони маориф, шумо - фарзандони азиз ва ҳамаи сокинони ноҳияро ба муносибати оғози фаъолияти муассисаи таълимии имрӯза табрик гуфта, ба роҳбарияти Фонди саудии рушд барои дастгирии молиявӣ ва ба сохтмончиёну меъморон ба хотири заҳмати софдилона сипосу миннатдорӣ баён менамоям.
Эътимоди комил дорам, ки фарзандони хуштолеи мо бо истифода аз чунин шароити мусоиди таълим барои аз худ кардани дониш пайваста кӯшиш мекунанд ва дар оянда ҳамчун кадрҳои замони нав дар пешрафту ободии Ватани азизамон саҳми арзишманд мегузоранд. Дар баробари ин, таъкид месозам, ки мувофиқи маълумоту таҳлилҳое, ки ман дар даст дорам, сатҳу сифати таълим дар ноҳия беҳбудии хеле ҷиддиро тақозо дорад.
Хонандагони ноҳия дар озмунҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ кам иштирок карда, шумораи довталабоне, ки ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дохил мешаванд, қонеъкунанда нест. Ҳамчунин, дар мактабҳои ноҳия маҳфилҳои фаннӣ фаъол набуда, ташаббускорӣ миёни омӯзгорон ва хонандагон кам ба назар мерасад.
Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия доир ба тақвият бахшидан ба фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва таъмин намудани онҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ, фаъол гардондани таҳсилоти иловагӣ, инчунин, дар масъалаи таъсиси муассисаҳои томактабии хусусӣ, умуман, ҷиҳати бартараф сохтани камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа тадбирҳои иловагӣ андешад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 26 ноябри соли 2016 Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлонро барои солҳои 2017-2021 тасдиқ кард, ки тибқи он дар ноҳияи Носири Хусрав дар панҷ соли оянда 11 муассисаи нави таълимӣ барои чор ҳазор нафар хонандагон ба маблағи умумии 40 миллион сомонӣ бунёд ва ба истифода супурда мешавад.
Дӯстони азиз!
Ноҳияи Носири Хусрав моҳи феврали соли 1996 таъсис ёфтааст, яъне аз ҷумлаи ноҳияҳои зодаи даврони истиқлол мебошад. Ноҳия дар 21 соли мавҷудияти худ бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва ба шарофати заҳмати содиқонаи сокинони он сол аз сол рушд ёфта истодааст.
Дар ин давра аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, махсусан, бо мақсади таъмин намудани пешрафти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия аз ҳисоби буҷети давлат 146 миллион сомонӣ сарф шудааст. Илова бар ин, 9 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардида, ҷиҳати ҳалли мушкилоти ноҳия татбиқи 5 лоиҳаи дигар идома дорад.
Дар натиҷаи тадбирҳои зикршуда сатҳи камбизоатии аҳолии ноҳия хеле коҳиш ёфт, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд, вазъи соҳаи кишоварзӣ, идоракунии захираҳои обу замин ва таъминот бо техникаи кишоварзӣ хеле беҳтар гардид ва заминҳои нав ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд, ки бо ин роҳ майдони кишти зироатҳо васеъ ва пешрафти бомароми соҳаи кишоварзӣ таъмин карда шуд.
То имрӯз бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузорӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолии ноҳия барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ба маблағи 104 миллион сомонӣ қарз додаанд.
Ҳукумати мамлакат нақша дорад, ки дар доираи ҳадафу афзалиятҳои Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва барномаҳои соҳавию минтақавӣ пешрафти боз ҳам бештари иқтисодиву иҷтимоии ноҳияро таъмин намояд ва мушкилоти ҷойдоштаро давра ба давра бартараф созад.
Ҳангоми сафари қаблӣ ба роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия супориш дода будам, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва бахши хусусӣ ҷиҳати дарёфти манбаъҳои иловагӣ барои иҷрои Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Носири Хусрав барои солҳои 2015 - 2019 чораҳои иловагӣ андешанд.
Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки чораҳои дар ин самт андешидашуда ҳанӯз қонеъкунанда ва самарабахш нестанд. Маблағи пешбининамудаи барномаи мазкур то ба ҳол дар сатҳи соли 2014, яъне дар ҳаҷми 155 миллион сомонӣ бетағйир мондааст. Бар замми ин, буҷети ноҳия дар 6 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 87 фоиз иҷро шуда, аз ин ҳисоб ба буҷет қариб 500 ҳазор сомонӣ ворид нагардидааст.
Роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадоранд, ки ҳамкориро бо вазорату идораҳои дахлдор вусъат бахшида, ҳамаи имкониятҳоро барои дарёфти маблағҳои иловагӣ ва пурра амалӣ гардондани Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия, инчунин, иҷрои саривақтии нишондиҳандаҳои буҷети маҳаллӣ сафарбар намоянд.
Ноҳияи Носири Хусрав барои тараққӣ додани соҳаи кишоварзӣ ва ба ҳамин восита ташкил кардани ҳазорҳо ҷойи нави корӣ имкониятҳои васеъ дорад.
Кишоварзони ноҳия дар даврони истиқлолият ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро мунтазам афзоиш дода, соли гузашта дар ҳаҷми 270 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли 1996-ум 10 баробар зиёд мебошад. Бо вуҷуди ин, истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷуда ҳоло ҳам таъмин нагардида истодааст. Кишти такрорӣ, ки дар ноҳияи Носири Хусрав барои он шароити хеле васеъ мавҷуд аст, на дар ҳама қитъаҳои замин ба роҳ монда шудааст.
Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияро зарур аст, ки барои пурраву самаранок истифода намудани заминҳои корами ноҳия ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо тадбирҳои мунтазам андешанд.
Соли 2014 ҳангоми сафари корӣ ба ноҳия Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро вазифадор карда будем, ки барои ба гардиши кишоварзӣ баргардондани майдони 4850 гектар заминҳои партов, аз ҷумла 3900 гектар заминҳои партови обӣ ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 3000 гектар замин чораҷӯӣ намоянд. Вале мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки корҳои то ба имрӯз дар ин самт амалигардида ҳанӯз қонеъкунанда нестанд.
Аз ин рӯ, бори дигар таъкид менамоям, ки ҳар як ваҷаб замини корам бояд самаранок истифода бурда шавад, вагарна дар шароити афзоиши мунтазами аҳолӣ ва торафт зиёд гардидани талабот ба маводи ғизоӣ мо ба фаровонии маҳсулот ва коҳиш додани нархи он дар бозорҳо муваффақ шуда наметавонем. Фаромӯш набояд кард, ки аз заминҳои обии ноҳия дар як сол то се ҳосил гирифтан мумкин аст.
Рушди соҳаи рустанипарварӣ ва боғдорӣ дар ноҳия ба азхудкунии заминҳои нав вобаста буда, дар натиҷаи ба кор андохтани пойгоҳҳои обкашӣ ва барқарорсозии иншооти обрасонӣ барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои ҳудуди чандин деҳоти ноҳия мусоидат карда, иловатан 10 ҳазор нафар сокинон бо оби нӯшокӣ таъмин карда мешаванд.
Дар сурати ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партови обӣ ва дар онҳо ба роҳ мондани кишти пахта имконияти иловатан истеҳсол намудани зиёда аз 7 ҳазор тонна пахта ва ташкил кардани даҳҳо ҳазор ҷойи корӣ муҳайё мегардад.
Инчунин, тавассути таъмир намудани пойгоҳҳои обкашӣ ва барқарорсозии шабакаҳои дохилихоҷагиву байнихоҷагии обрасонӣ имконияти ташкил намудани 2500 ҷойи нави корӣ ва дучанд зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ пайдо мегардад.
Дар робита ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия бояд якҷо бо Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ барои ба гардиши кишоварзӣ баргардондани заминҳои аз гардиш берунмонда, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо тадбирҳои мушаххас андешида, аз натиҷааш то охири соли ҷорӣ ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот пешниҳод намоянд.
Норасоии техникаи кишоварзӣ мушкили асосии кишоварзони ноҳия ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, Вазорати кишоварзӣ ва корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» - ро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону роҳбарони хоҷагиҳо ҷиҳати ба кишоварзони ноҳия пешниҳод намудани техникаи кишоварзӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Мушкилоти дигари сокинони ноҳия набудани бозори замонавӣ мебошад. Тибқи нақшаи чорабиниҳо бояд то имрӯз аз ҷониби Иттифоқи “Тоҷикматлубот” ва мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бунёди бозор анҷом дода мешуд. Аммо супориши мазкур то ҳанӯз ҳал нашудааст.
Аз ин лиҳоз, бори дигар Иттифоқи “Тоҷикматлубот”, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифадор карда мешаванд, ки ин масъаларо дар муддати кӯтоҳтарин ҳаллу фасл намоянд.
Дар ноҳия тавассути рушди моҳипарварӣ таъсис додани ҷойҳои кории нав ва ба даст овардани даромади иловагӣ мумкин аст. Барои кандани ҳавзҳо ва истифодаи обҳои зеризаминӣ шароити мусоид мавҷуд мебошад. Танҳо ташаббускории роҳбарону мутахассисон, соҳибкорон ва кӯшишу заҳмати иловагӣ зарур аст ва бовар дорам, ки сокинони ноҳия аз уҳдаи ин кор мебароянд.
Тибқи таҳлилҳо соли 2016 ҳамагӣ 0,2 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии вилоят дар ноҳияи Носири Хусрав истеҳсол гардида, 0,6 фоизи аҳолии қобили меҳнати ноҳия дар ин соҳа ба фаъолият фаро гирифта шудааст.
Самти фаъолияти соҳаи саноати ноҳия асосан коркарди нахи пахта буда, истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва саноати сабук ҳанӯз ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Яъне фаъолияти роҳбарону мутахассисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия доир ба таъсис додани корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳҳои коркарди маҳсулот ва ба ин восита ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ қонеъкунанда нест.
Хотиррасон месозам, ки танҳо дар сурати истифодаи оқилонаи ашёи хоми маҳаллӣ ва коркарди ҳарчи бештари он, махсусан, маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ соҳаи саноати ноҳия метавонад рушд кунад ва боиси таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва сарчашмаи тақвияти буҷети маҳаллӣ гардад.
Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия, вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадоранд, ки барои дастгирии ташаббусҳои соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати ташкили корхонаҳои коркарди маҳсулоти агросаноатӣ ва ашёи хоми маҳаллӣ, инчунин, бартараф намудани монеаҳои дар ин самт мавҷуда тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Дар ҳудуди ноҳия 105 километр роҳҳои истифодаи умум мавҷуданд, ки қисми зиёди онҳо ба талабот ҷавобгӯй нестанд. Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва Вазорати нақлиётро зарур аст, ки якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои таъмири роҳҳо, инчунин, ҷиҳати сохтмони роҳи мошингарди Носири Хусрав - Шаҳритус ва таъмиру таҷдиди роҳҳои байни деҳоти ноҳия чораҷӯӣ намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Бо вуҷуди он ки ҳаҷми маблағгузории соҳаи тандурустии ноҳия мунтазам зиёд карда мешавад, аммо то ҳол як қатор масъалаҳои ҳалталаби соҳа, аз ҷумла норасоии мутахассисони соҳа ва паст будани дараҷаи тахассусии кадрҳо, бартараф нагардидаанд.
Вазъи санитариву эпидемиологии ноҳия низ чандон қаноатбахш нест. Ҳоло аз шумораи умумии аҳолии ноҳия ҳамагӣ 5 ҳазор нафар ё дувоздаҳуним фоиз бо оби нӯшокии хушсифат таъмин мебошад. Иншооти обу корези ноҳия бо иқтидори 30 фоиз фаъолият мекунад, ки ин омил боиси паҳн шудани бемориҳои сироятӣ мегардад.
Бинобар ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия бояд барои ҳарчи зудтар бартараф кардани мушкилоти зикршуда чораҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд.
Мувофиқи маълумот то соли 2015 аз ҷониби ташкилоту корхонаҳо қариб дувоздаҳуним ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудаанд. Аммо ин нишондиҳанда хеле паст буда, сатҳи бекорӣ дар ноҳия то ҳанӯз ҳамчун масъалаи муҳим боқӣ мемонад ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро зарур аст, ки якҷо бо Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ барои ташкили ҷойҳои нави корӣ мунтазам чораҷӯӣ кунанд.
Яке аз роҳҳои ба шуғл фаро гирифтани аҳолии бекор ташкили марказҳои касбу ҳунаромӯзӣ ва рушди ҳунарҳои дастӣ мебошад. Вале дар ноҳия чунин марказҳо ташкил нашудаанд ва ҳатто барои ташкили коргоҳҳои дӯзандагӣ ягон чора андешида нашудааст.
Аз ин рӯ, Кумитаи ҷавонон ва варзишро зарур аст, ки бо мақсади ба шуғл фаро гирифтани духтарону бонувон якҷо бо роҳбарону мутахассисони ноҳия ва соҳибкорон барои таъсиси як марказ ё корхонаи дӯзандагӣ бо 100 ҷойи корӣ ва ташкили курсҳои дӯзандагиву ҳунарҳои дастӣ тадбирҳои мушаххас андешад.
Ҳамдиёрони азиз!
Тавре ки таъкид намудам, дар ноҳия то ба ҳол масъалаву мушкилоти ҳалталаб зиёданд. Ҳукумати мамлакат барои ҳалли онҳо, пеш аз ҳама, ҷиҳати рафъи мушкилоти иҷтимоӣ, албатта, ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешад. Вале роҳбарону мутахассисон, фаъолону соҳибкорон ва умуман, кулли сокинони ноҳия низ бояд кӯшиш кунанд, ки диёри худро ободу зебо гардонанд, барои зиндагии боз ҳам беҳтар саъю талош намоянд. Яъне ҳамаи мо вазифадорем, ки барои ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҷойдошта аҳлонаву содиқона заҳмат кашем.
Вазъи ноороми ҷаҳони муосир ҳар яки моро водор месозад, ки барои ҳимояи манфиатҳои миллату давлатамон ва таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон ҳамеша омода бошем, суннату анъанаҳои неки фарҳанги миллӣ, аз ҷумла сарфаю сариштакориро риоя намоем, фарзандонамонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ тарбия кунем.
Бовар дорам, ки кулли роҳбарону мутахассисон ва сокинони ватандӯсту заҳматпешаи ноҳияи Носири Хусрав ба хотири пешрафту ободии Тоҷикистони маҳбубамон ва барои вусъат додани корҳои созандагӣ дучанд азму талош меварзанд ва диёри худро боз ҳам ободу пешрафта мегардонанд.
Барои амалӣ гардондани нияту нақшаҳои нек ба ҳамаи шумо – ҳозирини гиромӣ ва устодону омӯзгорони муҳтарам барору муваффақият, хонаи ободу рӯзгори пурфайз ва ба шогирдони мактаби навбунёд тандурустиву хушбахтӣ ва хониши хубу аъло орзу менамоям.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.08.2017    №: 165    Мутолиа карданд: 2634
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед