logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гузоштани хишти аввали Маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, 8 сентябри соли 2009

Меҳмонони арҷманд!
Сохтмончиёни мӯҳтарам!

Боиси хушҳоливу сарфарозист, ки имрӯз – дар арафаи ҷашни ҳаждаҳумин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе хишти нахустини Маркази нави барқу гармидиҳӣ гузошта шуд, яъне бунёди боз як иншооти муҳим оғоз гардид.
Ин иншоот дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ба хотири ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ ва дар фасли тирамоҳу зимистон беҳтар сохтани  таъминоти аҳолӣ, инчунин ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои шаҳри Душанбе бо нерӯи барқу гармӣ сохта мешавад.
Тавре ки шумо огоҳ ҳастед, дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ, инчунин дар бисёр мулоқоту суханрониҳо таъкид гардида буд, ки татбиқи сиёсати энергетикии кишвар ва таъмини истиқлолияти энергетикии он солҳои охир ба як масъалаи воқеан ҳассос, ҳаётӣ ва таъхирнопазири давлату давлатдории мо табдил ёфтааст. Зеро аз як тараф мушкилоти вобаста ба бӯҳрони энергетикӣ, болоравии нархҳои ҷаҳонии маҳсулоти нафту газ ва дигар маводи сӯзишворӣ ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишварамон таъсири манфӣ расонад, аз ҷониби дигар сардии шадиду тӯлонии чандин зимистони гузашта ва танқисӣ кашидани аҳолӣ дар масъалаи таъминоти нерӯи барқ ва гармӣ моро водор месозад, ки барои ҳалли ин мушкилот ва расидан ба истиқлолияти энергетикии мамлакат тамоми тадбирҳои заруриро андешем.
Дар шароити афзоиши нархҳои ҷаҳонии нафту газ ва шиддатёбии бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ мо ба бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ, инчунин истеҳсоли нерӯи барқу гармӣ бо истифода аз манбаъҳои алтернативӣ, аз ҷумла ангишт рӯ овардем, ки оғози расмии сохтмони Маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе гувоҳи он аст.         
Вобаста ба ин, бояд зикр кард, ки сохтмони иншооти мазкур  дар асоси Созишномаи миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи ТВЕА-и Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки  4 июни соли ҷорӣ ба имзо расида буд, амалӣ карда мешавад.
Дар баробари ин, бояд таъкид кард, ки ҳарчанд Маркази барқу гармидиҳӣ дар ҳамкорӣ бо дӯстони Чин сохта мешавад, вале он тибқи созишнома бо усули «сармоягузорӣ ба ивази захираҳои табиӣ» бунёд ёфта, ба моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил меёбад.
Фаъолияти маркази барқу гармидиҳии мазкур, яъне истеҳсоли нерӯи барқу гармӣ бо истифода аз ангишти кони Зиддӣ ба роҳ монда мешавад, ки захираи ин намуди сӯзишворӣ дар кишвари мо ниҳоят фаровон аст.
Ҳамзамон бо ин, маркази мазкур дар заминаи технологияи навтарин фаъолият менамояд, ки зимни он талаботи меъёрҳои байналмилалии экологӣ пурра риоя гардида, ҳангоми кори он ду марҳала ё низоми тоза кардани ҳаво дар назар дошта шудааст.
Иқтидори лоиҳавии маркази барқу гармидиҳӣ 270 мегаватт буда, баъд аз ду сол, яъне дар арафаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳад шуд.
Дар натиҷаи пурра ба кор оғоз кардани марказ имкон пайдо мегардад, ки дар як шабонарӯз 6,5 миллион киловатт - соат нерӯи барқ истеҳсол гардида, даҳҳо корхонаҳои саноатӣ бо буғи технологӣ ва манзилҳои истиқоматии зиёда аз 250 ҳазор нафар сокинони пойтахт бо оби гарм ва гармӣ таъмин карда шавад.
Илова бар ин, барои 250-300 нафар шаҳрванди кишварамон ҷойи нави кори доимӣ муҳайё гардида, эҳтиёҷоти сокинони пойтахт бо барқ пурра таъмин карда мешавад. 
Ҳозирини гиромӣ!
Вобаста ба дурнамои минбаъдаи соҳаи энергетика ва тадбирҳои дар ин самт андешидаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта ҳангоми мулоқот бо кормандони соҳаи энергетика батафсил суханронӣ карда будам.
Бо ҳидояту дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон рушди соҳаи энергетика ва таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар бо роҳи бунёди нерӯгоҳҳои бузург ва хурду миёнаи барқи обӣ торафт вусъат меёбад.
Ҳоло тибқи Созишнома миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи ТВЕА-и Ҷумҳурии Мардумии Чин корҳои лоиҳакашӣ оид ба сохтмони нерӯгоҳи «Нуробод-1» дар дарёи Хингоб идома доранд.
Дар баробари ин, Вазорати энергетика ва саноат, Ширкати «Барқи тоҷик» якҷоя бо ширкатҳои ватаниву хориҷӣ масъалаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои «Нуробод-2», Санобод, Айнӣ ва Шӯробро мавриди омӯзиш қарор дода, таҳияи ҳуҷҷатҳои техникиву иқтисодии онҳоро идома дода истодаанд.
Илова бар ин, корҳои барқарорсозӣ ва таҷдиди нерӯгоҳҳои мавҷуда, аз ҷумла Норак, Қайроққум ва Маркази барқу гармидиҳии Ёвон босуръат давом доранд.
Баъди ба анҷом расидани корҳои мазкур дар мамлакат имконияти истеҳсоли иловагии зиёда аз 400 мегаватт нерӯи барқ ба вуҷуд меояд.
Ғайр аз ин, бо мақсади таҷдиди силсилаи нерӯгоҳҳои дигар дар дарёҳои Вахш ва Варзоб корҳои омодагӣ шурӯъ гардидаанд ва баъди анҷом ёфтани онҳо иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳҳои зикршуда ба таври илова 70 мегаватт меафзояд.
Дар доираи чорабиниҳо дар самти рушди минбаъдаи соҳаи энергетика ба сохтмони нерӯгоҳҳои хурд дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон диққати махсус дода мешавад.
Дар давоми солҳои охир 150 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Инчунин дар доираи барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020 солҳои наздик боз 50 нерӯгоҳи хурди барқӣ сохта ба истифода дода хоҳад шуд.
Инчунин дар кишвар ҷиҳати барпо намудани инфраструктураи энергетикии кишвар, яъне бунёди хатҳои интиқоли қувваи барқ ва таъсиси системаи ягонаи энергетикии мамлакат хати интиқоли барқи 220-киловолтаи  «Лолазор-Хатлон» соли гузашта ба итмом расида, бунёди хати интиқоли барқи 500-киловолтаи «Ҷануб-Шимол» то охири соли ҷорӣ анҷом хоҳад ёфт.
Тамоми ин иқдомот баёнгари онанд, ки рушди соҳаи энергетика яке аз самтҳои стратегии сиёсати давлати мо мебошад. Зеро маҳз ба ҳамин васила мо метавонем, ки дар давоми солҳои наздик эҳтиёҷоти мамлакатро бо нерӯи барқ пурра таъмин карда, ба истиқлолияти комили энергетикӣ ноил гардем.
Дӯстони гиромӣ!
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар остонаи таҷлили 18-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон қарор доранд, оғози ин иншооти муҳим фоли ниҳоят нек аст. 
Эътимоди комил дорам, ки пойтахти Ватани азизамон - шаҳри Душанбе бо иншооти азимаш, аз ҷумла бо иншооте, ки имрӯз оғоз гардид, шӯҳрату эътибори давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро дучанд афзуда, ба гаҳвораи воқеии сулҳу сафо, шаҳри дӯстӣ ва ваҳдати миллӣ, маркази дастовардҳои бузурги илму фарҳанг, арсаи бунёдкориву созандагӣ ва макони ормонҳои наҷиби давлатсозиву давлатдории миллӣ табдил меёбад.
Дар ин рӯзи хотирмон бори дигар ҳамаи сокинони пойтахт, мардуми сарбаланди мамлакат, меҳмонони гиромиқадр ва ҳамаи мутахассисону сохтмончиёнро аз самими қалб табрик гуфта, ба ҳар кадоматон саломативу сарбаландӣ ва дар амалӣ гаштани ин мақсади наҷиб барори кор орзумандам!
Ташаккур!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3032
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед