номаҳо
СОКИНОНИ ДЕВАШТИЧ: ҶОНИБДОРИ СИЁСАТИ ОЯНДАСОЗЕМ!
Имрӯз мардуми баору номус ва меҳнатдӯсти Ватани азизамон бо муҳаббати зиёд баҳри пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, ки неъматҳои бузургтарин ба ҳисоб мераванд, дар иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри созандагиву сулҳу субот ва ягонагии миллат бо ҳисси ватандориву ватандӯстӣ кӯшиши беандоза ба харҷ дода истодаанд. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ барои ободу зебо гардондани тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ корҳои зиёди ободонӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар бо маром идома доранд. Ин буд, ки барои фароҳам овардани шароити мусоид, баҳри зиндагии шоистаи мардум ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи идомадиҳии корҳои бузурги созандагии падарон бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич, Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ, шахсони саховатпеша ва мардуми меҳнатдӯсту ватанпарвар бо роҳи ҳашар дар маҳаллаи Саттор Ашӯр бунёди як иншооти зебову барҳавои маишиву иҷтимоӣ, яъне, истироҳатгоҳ барои насли наврас ва сокинони маҳаллаи зикршуда дар рӯҳияи болидаву сарҷамъӣ бунёд гардида истодааст.
Ин бар он далолат медиҳад, ки мардуми ғамхору меҳнатдӯсти ноҳияи Деваштич бо амалҳои неку ташаббускориашон шукронаи амнияту оромии кишвар ва рушди босубот намуда, барои ободу зебо гаштани як гӯшаи Ватани хеш саҳми арзандаи худро гузошта, барои насли имрӯзу фардои созанда шароити хуби маишиву иҷтимоиро муҳайё намуда истодаанд.
Дилноза КАРИМОВА, ноҳияи Деваштич
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.08.2017 №: 166 Мутолиа карданд: 2471