logo

президент

Судяҳо дар ҳузури Сардори давлат

12  сентябр  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кормандони мақомоти судии кишварро баҳри озод ва таъин намудан ба вазифаҳои пурмасъулияти соҳа ба ҳузур пазируфт.
Аз ҷумла Умед Бобоев бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Субҳиддин Баҳридинов муовини директори ҳамин марказ таъин гардиданд. Бояд таъкид намуд, ки онҳо олимони шинохтаи бахши ҳуқуқшиносии мамлакат мебошанд.
Ҳамчунин бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 нафар ба вазифаҳои судя ва роҳбарони мақомоти судӣ таъин шуд, ки 15 нафарро кадрҳои ҷавони соҳа ташкил медиҳанд ва онҳо баъди гузаштани мӯҳлати яксолаи таҷрибаомӯзӣ дар вазифаи коромӯз-судя бори нахуст ба вазифаи судя таъин  гардиданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат онҳоро ба таъмини адолати судӣ ва риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ҳидоят намуда, ҳамзамон таъкид дошт, ки вазифаи судя на танҳо баровардани ҳукми суд, балки ҳамчунин иштирок дар тарғиби тарзи ҳаёти бенуқсон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Ба роҳбарони мақомоти дахлдор дастур дода шуд, ки баҳри ба роҳ мондани курсҳои бозомузӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳа дар дохил ва хориҷи кишвар ва ҳамчунин оид ба омода кардани ҳуқуқшиносони сатҳи байналмилалӣ тадбирҳои судбахш андешанд. Таъкид гардид, ки судяҳо донишу малакаи худро бояд ҳамчунин бо истифода аз имконоти интернет ва технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ такмил диҳанд.
Дар сӯҳбат бо чанд нафар аз судяҳои ҷавони бори аввал ба ин вазифа таъиншуда маълум гашт, ки онҳо аз фаъолияти яксолаи коромӯзӣ дар вазифаи коромӯз-судя хеле баҳраманд гаштаанд ва дастуру ҳидоятҳои имрӯзаи Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар кору фаъолият ва такмили минбаъдаи ихтисосашон мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3850
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед