ҳуқуқ
КУШТОР. ҚОТИЛРО БА МУҲЛАТИ 11 СОЛ РАВОНАИ ЗИНДОН КАРД
Суди шаҳри Норак Баҳром Сафаров, зодаи ноҳияи Восеъро, ки муваққатан сокини шаҳри Душанбе буда, пеш бо ҳукми суди шаҳри Ҳисор бо моддаи 138 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ гунаҳгор донис-та, 11 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Тафтишот муайян намуд, ки Баҳром Сафаров дар ҶДММ «Беҳрӯз-15» ба ҳайси ронанда дар хатсайри № 25 шаҳри Душанбе кор мекардааст. Номбурда охири моҳи феврали соли ҷорӣ, тақрибан соати ёздаҳи шаб, вақте ба хонааш мерафт, дар маҳаллаи Зарафшон зани ношиносеро, ки даст бардошта буд, ба мошин савор кард. Ба гуфтаи Баҳром Сафаров, он зан худро Манижа, сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, муаррифӣ кардааст. Зимни тафтиши парвандаи ҷиноятӣ маълум гардид, ӯ на Манижа, балки Гулрухсор Сафароваи 27 - сола, сокини ноҳияи Ёвон будааст. Вай баъди шиносоӣ аз Баҳром хоҳиш кардааст, ки барои пардохти пули хонаи иҷорааш телефони ӯро ба маблағи 300 сомонӣ бихарад. Баҳром, ки дар сар андешаи дигар дошт, телефонро нагирифта, ба ӯ сесад сомонӣ қарз дод ва рақамҳои телефонашро гирифт. Рӯзи дигар Гулрухсор ба Баҳром занг зада мегӯяд, ки бар ивази қарз телефонашро гирад. Вақте ин пешниҳод рад мешавад, Гулрухсор ӯро дашном медиҳад.
5 марти соли равон, нимашаб, вақте Баҳром ба хонааш мерафт, дар назди тарабхонаи «Озода» Гулрухсорро дида, ӯро савор мекунад. Дувумӣ, ки дар ҳолати сархушӣ қарор дошт, аз Баҳром хоҳиш мекунад то барояш пиво, «Ягуар» ва сигарет харад. Сипас, онҳо ба кӯчаи Испечаки Ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ рафта, машруботи спиртӣ менӯшанд. Ҳангоми амалӣ намудани муносибати маҳрамона байни онҳо нофаҳмӣ сар зада, боиси хашми Баҳром мегардад, ки баъдан ӯро бо ресмон буғӣ карда, ба ҳалокат мерасонад. Пас аз анҷоми ин амали бераҳмона ҷасади Гулрухсорро субҳи 6 март, бо мақсади рӯйпӯш кардани ҷиноят ба шаҳри Норак бурда, дар яке аз чуқуриҳои роҳи ағбаи Шар - Шар партофта, ғайб мезанад.
Ҷасади Гулрухсорро се ноболиғ, ки 8 марти соли ҷорӣ бо мақсади чидани гули «Сияҳгӯш» ба мавзеи Палангдараи Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳр рафта будаанд, пайдо мекунанд. Яке аз онҳо дар бораи ин ҳодиса ба қисми навбатдории ШВКД дар шаҳри Норак хабар медиҳад.
Баъди ин ҳодиса нисбат ба Баҳром Сафаров бо дастрасии моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, бо ҳукми суди шаҳри Норак ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 11 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш сахт таъйин карда шуд.
Муҳаммад РАСУЛЗОДА, судяи суди шаҳри Норак,
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.08.2017 №: 167 Мутолиа карданд: 1469