суханрониҳо
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросон, 9 августи соли 2017
Ҳамватанони арҷманд!
Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо сокинони кишварамон бо эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ ва нангу номуси миллӣ аҳлона заҳмат кашида, ба таҷлили Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, ки бузургтарин неъмати бебаҳо, шарафи ватандорӣ, кафолати зиндагии осоишта ва муҳимтар аз ҳама, асоси устувори давлатдории мустақили тоҷикон мебошад, ҳамаҷониба омодагӣ гирифта истодаанд.
Мо ҳангоми сафарҳои кории худ ба шаҳру ноҳияҳои гуногуни вилояти Хатлон хуб эҳсос намудем, ки шаҳрвандони вилоят, аз ҷумла мардуми ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросон барои истиқболи шоистаи ин ҷашни муқаддаси миллӣ ободонии деҳоту маҳали зист ва хиёбону роҳҳоро бо азму иродаи қавӣ вусъат дода истодаанд.
Ҳукумати мамлакат низ, дар навбати худ, барои таъмин намудани пешрафти ҳар ду ноҳия маблағгузориҳои давлатиро сол ба сол афзоиш дода истодааст. Масалан, агар соли 2006 ҳиссаҷудокунӣ аз буҷети давлат ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 10 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас соли гузашта ин рақам ба 90 миллион сомонӣ расонда шуд. Умуман, дар даҳ соли охир ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ барои таъмин намудани пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ 620 миллион сомонӣ равона гардидааст.
Дар 15 соли охир дар ноҳия барои сохтмон ва таъмири муассисаҳои таълимӣ, рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, барқарорсозии иншооти обрасонӣ ва обёрии заминҳо, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва рушди деҳот 6 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 35 миллион сомонӣ татбиқ шудааст.
Ҳукумати мамлакат ба нақша гирифтааст, ки дар се соли оянда барои таъмин кардани тараққиёти ноҳия аз ҳисоби Буҷети давлатӣ 270 миллион сомонӣ ҷудо намояд.
Солҳои охир барои нигоҳдорӣ ва таъмиру таҷдиди роҳҳои дохилии ноҳия аз буҷети давлат қариб 5 миллион сомонӣ равона карда шуда, дар Барномаи давлатии сармоягузорӣ барои солҳои 2016-2020 ояндаи наздик бо ҷалби сармояи хориҷӣ таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе – ноҳияҳои Рӯдакӣ – Ёвон - Абдураҳмонӣ Ҷомӣ - Сарбанд ва сохтмони пул аз болои дарёи Вахш ба маблағи 450 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Бояд гуфт, ки дар ноҳия баробари дастоварду пешравиҳо, як қатор мушкилоту норасоиҳо, аз ҷумла доир ба амалисозии Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия барои солҳои 2015-2019, ба назар мерасанд. Соли гузашта барои маблағгузории барнома зиёда аз 35 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, аммо иҷрои он ҳамагӣ 25 фоиз таъмин карда шудааст.
Ба масъалаи ободонии деҳот ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, ба талаботи меъёрҳои муосир мувофиқ гардондани роҳҳои онҳо ва дар шафати роҳҳои мошингард шинондани дарахтони ороишиву мевадиҳанда кам эътибор дода мешавад. Ҳамчунин, ба ободонии маркази ноҳия низ диққати ҷиддӣ бояд дод. Чунки аксари иншооти он таъмирталаб буда, симои маркази ноҳияро коста мегардонад.
Аз ин рӯ, роҳбарону мутахассисони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки фаъолияташонро доир ба татбиқи саривақтии барнома, дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории он, аз ҷумла бо ҷалби васеи соҳибкорон, инчунин, нақшаи ҷамъоварии андоз, ки барои амалӣ гардидани нақшаҳои созанда ва иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла маошу нафақа монеа эҷод мекунад, ҷоннок намуда, ҷиҳати ободонии маркази ноҳия ва дигар маҳалҳои аҳолинишини он диққати махсус зоҳир намоянд.
Таъкид бояд кард, ки бо вуҷуди дар даҳ соли охир ду баробар афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ истеҳсоли нахи пахта ду баробар кам гардида, ҳоло аз 21 корхонаи саноатии ноҳия 9 корхона аз фаъолият бозмондааст. Ҳол он ки ба роҳ мондани фаъолияти мунтазами коргоҳу корхонаҳои мавҷуда ва таъсиси корхонаҳои нав сарчашмаи даромади иловагӣ, таъмин гардидани аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ба шумор меравад.
Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифадоранд, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Кумитаи рушди маҳал камбудиву норасоиҳои дар соҳаи саноати ноҳия ҷойдошта ва монеаҳои рушди соҳибкории истеҳсолиро сари вақт бартараф намоянд ва бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ доир ба бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, аз ҷумла коргоҳҳои коркарди меваю сабзавот ва таъмини фаъолияти самараноки онҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.
Чанд рӯз пештар дар мулоқот бо сокинони ноҳияҳои Шаҳритусу Қубодиён доир ба фаъолияти хуби роҳбарону соҳибкорони ноҳияи Шаҳритус зикр кардам, ки чӣ гуна корхонаи атласу адрасбофӣ бунёд карда, даҳҳо нафар занону духтаронро бо ҷойи кор таъмин намудаанд. Ҳамин гуна имкониятҳо дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомиву Хуросон низ мавҷуданд ва аз онҳо бояд самаранок истифода бурда шавад.
Дар ноҳия ба соҳаи кишоварзӣ низ кам аҳамият дода мешавад. Ҳоло дар ноҳия истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ таъмин нагардида, шӯршавии заминҳо ба назар мерасад. Дар баробари ин, ҳаҷми истеҳсоли баъзе намудҳои маҳсулот кам гардида, кишоварзон ба кишти сабзавот кам аҳамият медиҳанд.
Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун яке аз ноҳияҳои калонтарини вилоят дар масъалаи моҳипарварӣ низ имкониятҳои зиёд дорад. Дар ҳудуди ноҳия 843 гектар ҳавзҳои моҳипарварӣ мавҷуданд.
Бинобар ин, Вазорати кишоварзӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии Тоҷик» ва роҳбарону мутахассисони ноҳия бояд бо истифода аз ин имкониятҳо доир ба рушди моҳипарварӣ ва таъмин намудани бозори истеъмолии кишвар бо ин намуди маҳсулоти парҳезӣ ва ба ин васила таъсис додани ҷойҳои нави корӣ чораҷӯӣ намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Бо дарназардошти он ки ноҳияи Хуросон аз ҷумлаи ноҳияҳои калонтарини вилояти Хатлон мебошад, дар даҳ соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории Буҷети давлатӣ барои тараққиёту пешрафти он беш аз 340 миллион сомонӣ равона карда шуда, ба ин мақсад дар се соли оянда зиёда аз 153 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Ҷиҳати ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҷойдошта ҳоло Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия барои солҳои 2016-2020 амалӣ шуда истодааст, ки 119 лоиҳаро ба маблағи умумии 210 миллион сомонӣ дар бар мегирад.
Дар доираи барнома, аз ҷумла нақшаи генералии шаҳраки Обикиик таҳия гардида, муассисаи таълимӣ барои муҳоҷирони вилоятҳои Суғду Бадахшон дар деҳоти Ҳилолӣ, 230 гектар боғи нав, коргоҳи дӯзандагӣ, қасри фарҳанг ва китобхона, бунгоҳи саломатӣ дар деҳоти Ғаллаобод, бинои маъмурии “Амонатбонк” ва чандин иншооти дигари иҷтимоиву хизматрасонӣ бунёд ва ба истифода супурда шуданд. Вале бори дигар таъкид месозам, ки ҷиҳати ободу зебо гардондани маркази ноҳия боз ҳам саъю кӯшиш бояд кард. Дар ду тарафи роҳ барои бунёди иншооти нав ҷойҳои холӣ хеле зиёданд. Соҳибкорони бонангу номус бояд ба хотири ободии маркази ноҳия ҷаҳду талош намоянд ва онро боз ҳам дилкашу зебо гардонанд.
Дар тӯли 15 соли охир дар ноҳия барои таъмин намудани фаъолияти устувори соҳаҳои маорифу кишоварзӣ, идоракунии захираҳои об ва рушди деҳот 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 50 миллион сомонӣ татбиқ гардида, амалисозии боз 5 лоиҳаи дигар ба маблағи 17 миллион сомонӣ идома дорад.
Татбиқи қисми асосии лоиҳаи азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе - Қӯрғонтеппа дар ҳудуди ноҳияҳои Хуросону Абдураҳмони Ҷомӣ сурат мегирад, ки бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар ҳаҷми қариб 900 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Марҳалаи якуми азнавсозии роҳ 33 километрро ташкил дода, дар доираи он васеъ кардани роҳ ва чароғонкунии он дар назар дошта шудааст. Моҳи марти соли ҷорӣ дар маросими оғози амалисозии лоиҳаи мазкур таъкид карда будам, ки масъулон доир ба ободонии шафати роҳ вобаста ба васеъшавии он чораҷӯӣ намоянд. Инчунин, зарур аст, ки кор доир ба татбиқи босифати лоиҳа вусъат бахшида шавад.
Бояд гуфт, ки соли 2015 аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои таъмири роҳҳои дохилии ноҳияи Хуросон 3 миллион сомонӣ ҷудо гардида, тавассути Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент беш аз 3 километр роҳ пурра аз таъмир бароварда шуд. Илова бар ин, соли 2018 сохтмони се иншоот, аз ҷумла бинои шуъбаи маориф, маркази ҷавонон дар шаҳраки Обикиик ва бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Фахробод ба маблағи 4 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии ноҳия ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон зарур аст, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо ҷалби соҳибкорони ватаниву хориҷӣ дар самти ташкили корхонаҳои коркарди мева, маҳсулоти чорводорӣ ва умуман, афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, инчунин, беҳтар кардани шароит барои рушди соҳибкорӣ ва дастгирии ташаббусҳои соҳибкорон тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Дӯстони гиромӣ!
Тибқи таҳлилҳо деҳқонони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба хотири зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат саъю кӯшиш мекунанд. Дар натиҷа соли 2016 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия ба 489 миллион сомонӣ расонда шудааст, ки нисбат ба соли 2015-ум 4 фоиз зиёд мебошад.
Бо вуҷуди ин, захираву имкониятҳои то ҳол истифоданашуда дар ин самт хеле зиёданд. Кишоварзону соҳибкорони ноҳия имкониятҳои васеъ доранд, ки майдони кишти пахта, сабзавот, аз ҷумла картошка, инчунин, парваришу истеҳсоли моҳиро бамаротиб зиёд намоянд.
Вобаста ба ин, хотирнишон менамоям, ки аҳолии кишварамон сол ба сол афзоиш ёфта истодааст ва моро зарур аст, ки ҷиҳати таъмини мардум бо маводи ғизоии истеҳсоли худӣ аз ҳамаи шароиту имкониятҳо самаранок истифода барем.
Барои ин аз мову шумо фақат хоҳишу ирода ва аз ҳама муҳим, ҳисси баланди милливу ватандӯстӣ ва меҳнати софдилона талаб карда мешавад. Зеро мо ҳоло ҳам барои зиёд намудани ҳосилнокии зироатҳо, майдони кишти такрорӣ ва маҳсулнокии чорво аз имкониятҳои мавҷуда пурра истифода накардаем.
Мувофиқи маълумот, масоҳати заминҳои корами обии ноҳия ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ нисбат ба соли 2000-ум 917 гектар кам шуда, соли 2016 беш аз 1000 гектар заминҳои корам, аз ҷумла 984 гектар замини обӣ ва дар соли равон 700 гектар заминҳои корами обӣ бо сабабҳои гуногун аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд. Ҳол он ки дар доираи марҳалаи дуюми лоиҳаи «Таъминоти шуғли аҳолӣ барои устувории хоҷагии қишлоқ ва идоракунии захираҳои об» дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба маблағи 18 миллион сомонӣ ва дар ноҳияи Хуросон бо сарфи беш аз сеюним миллион сомонӣ садҳо километр шабакаҳои обёрӣ ва заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шудаанд.
Гарчанде имсол кишти шолӣ зиёд шудааст, вале то ҳанӯз иҷрои нақшаи дурнамо таъмин нагардидааст. Инчунин, соли ҷорӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта майдони кишти картошка 32 фоиз, истеҳсоли он 1600 тонна ва пилла 6 тонна кам шудааст. Дар моҳи июли соли гузашта нархи 1 килограмм картошка дар бозорҳои мамлакат 1 сомониву 30 дирам буд, вале ҳоло нархи он ба чор-чору ним сомонӣ ё 3 баробар боло рафтааст.
Бо дарназардошти масъалаҳои зикршуда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Кумитаи рушди маҳал, Агентии беҳдошти замин ва обёриро зарур аст, ки ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани онҳо, пардохти саривақтии ҳаққи хизмати обрасонӣ, истифодаи самараноки замин, ривоҷ додани боғу токпарварӣ, зиёд кардани масоҳати гармхонаҳо ва рушди соҳаҳои парандапарвариву моҳипарварӣ мунтазам чораҷӯӣ карда, аз натиҷааш ҳар нимсола ба Дастгоҳи иҷроияи Президент маълумот пешниҳод намоянд.
Бо қарорҳои Ҳукумат аз соли 2009 то имрӯз бо мақсади таъмин намудани эҳтиёҷмандони ноҳияҳои Хуросону Абдураҳмони Ҷомӣ бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ 370 гектар замин ҷудо гардида, барои сокинони ноҳияи Хуросон ҷудо намудани боз 45 гектар замин ба нақша гирифта шудааст. Дар робита ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки ҷиҳати роҳ надодан ба қонуншиканӣ дар масъалаи замин ва тақсимоти одилонаи заминҳои ҷудошуда, ки ҳоло дар ноҳияҳои зикршуда ба масъалаи ташвишовар табдил ёфтааст, чораҳои муассир андешида шаванд.
Барои ноил шудан ба суръати рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Хуросон ҳалли як қатор масъалаҳои ҷойдошта, бахусус, доир ба истифодаи самараноки заминҳо, тухмии аълосифат ва зиёд намудани саршумори чорвои хушзот бисёр муҳим мебошад.
Дар самти рушди соҳаи пахтакорӣ низ бо истифода аз тухмиҳои хушсифат, роҳҳои ҳавасмандгардонии хоҷагиҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ бояд ҳамаи тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд. Зеро тибқи маълумот соли 2015 майдони кишти пахта дар ноҳия нисбат ба соли 2013 43 фоиз ва соли 2016-ум 28 фоиз кам шудааст. Ин дар ҳоле, ки зичии аҳолӣ дар ноҳияи Хуросон зиёд аст ва тараққӣ додани соҳаи пахтакорӣ яке аз роҳҳои асосии ба ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолӣ ва даромади хуби оилаҳо мебошад.
Бунёди боғҳои нав ва барқарор кардани боғҳои куҳна яке аз роҳҳои асосии зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва бо ҷойи кор таъмин кардани аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Гарчанде ки дар ҳудуди ноҳия то ба имрӯз беш аз 1700 гектар боғ ва 950 гектар токзори нав бунёд гардидааст, вале афзоиши истеҳсоли мева дар соли 2016 нисбат ба соли 2015 ҳамагӣ шашу ним фоиз ва дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ду фоизро ташкил додааст, ки нишондиҳандаи мазкур бо дарназардошти иқлими мусоид ва имкониятҳои ноҳия хеле паст мебошад.
Истифодаи самараноки баландиҳои атрофи ноҳия имкон медиҳад, ки боғу токпарварӣ ва соҳаи чорводории ноҳия ба самтҳои муҳими даромаднок табдил дода шаванд.
Бо қарори Ҳукумат Кумитаи оид ба рушди сайёҳӣ таъсис дода шуд. Ҳадафи он инкишофи сайёҳӣ дар мамлакат мебошад. Табиати ноҳияи Хуросон, бахусус, дар фасли баҳор макони истироҳат ва фароғати сокинони пойтахт, меҳмонони хориҷӣ ва сайёҳон мебошад. Аммо иншооти ин мавзеъ ба талабот ҷавобгӯй набуда, ташкили инфрасохтори муосиру замонавиро тақозо дорад.
Дӯстони азиз!
Солҳои охир бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил ва таъмини муассисаҳои таълимии мамлакат, аз ҷумла ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросон бо китобҳои дарсӣ, лавозимоти хониш ва техникаву технологияҳои муосир корҳои назаррас анҷом дода шудаанд.
Танҳо дар се соли охир барои хонандагони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ зиёда аз 2000 ҷойи нишаст муҳайё карда шудааст. Агар соли 2012 ба соҳаи маорифи ноҳияи Хуросон 12 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли ҷорӣ ба 30 миллион сомонӣ расидааст.
Дар ноҳия то соли 2015-ум 19 муассисаи таълимӣ бо 5800 ҷойи нишаст ба маблағи беш аз 18 миллион сомонӣ ва танҳо соли гузашта 4 бинои муассисаи таълимӣ барои 1450 нафар хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. Илова бар ин, дар доираи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Хуросон барои солҳои 2016-2020 ва Барномаи рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021 бунёду азнавсозии 24 муассисаи таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар робита ба ин, Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Хуросон вазифадоранд, ки барои зиёд намудани шумораи муассисаҳои томактабӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимии хусусӣ, беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ва ҷалби омӯзгорон ба курсҳои такмили ихтисос тадбирҳои иловагӣ андешида, ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳаи омӯзгорӣ, хусусан, омӯзгорони забонҳои хориҷӣ ва фанҳои дақиқ чораҷӯӣ намоянд. Чунки сатҳу сифати таълим дар ҳар ду ноҳия ҳоло ҳам ба талабот ҷавобгӯй набуда, падару модарон, омӯзгорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба тарбияи фарзандон кам аҳамият медиҳанд.
Мутаассифона, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» кам ташвиқ гардида, волидайн нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон кам таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Аз ин рӯ, фарзандони онҳо дар озмунҳо ва дигар чорабиниҳои фаннии ноҳияву вилоят кам иштирок менамоянд.
Роҳбарону мутахассисони ноҳияро зарур аст, ки дар самти таъмиру таҷдиди муассисаҳои тиббӣ, бунёди бунгоҳҳои саломатӣ, бартарафсозии мушкилоти нарасидани кадрҳои соҳа, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокии хушсифат, таъмири иншооти обу корез ва ба талаботи меъёрҳои санитарӣ мутобиқ гардондани бозорҳои ноҳия чораҳои зарурӣ андешанд.
Бо истифода аз фурсат, ба сокинони ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросон муроҷиат карда, такроран таъкид менамоям, ки ба масъалаи риояи талаботи қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиддӣ муносибат намоянд ва фаромӯш насозанд, ки ҳадафи мо дар ин самт, пеш аз ҳама, ғамхорӣ дар ҳаққи мардум ва боз ҳам беҳтар гардондани шароити рӯзгори аҳолӣ мебошад.
Баъд аз чанд рӯзи дигар иди саиди Қурбон, ки аз ҷумлаи маросими суннатии мардуми мусулмони мо мебошад, фаро мерасад. Ҳангоми ба ҷо овардани маносик ва анъанаҳои ид як нуктаи муҳимро фаромӯш набояд кард, ки қурбонӣ кардан танҳо ба шахсони дорои шароиту имкониятҳои молӣ воҷиб аст. Вале касоне, ки имконияти зарурӣ надоранд, бо изҳори муносибати нарму инсонӣ ва одобу ахлоқи намунавӣ аз савобу баракати ин ид баҳравар мешаванд. Ҳангоми баргузории иди Қурбон расондани хайру садақа ба ниёзмандон аз анъанаҳои писандидаи ин ҷашн аст.
Яъне масъалаҳои ахлоқиву тарбиявӣ ва ҳикмати ҳамдигарро дастгирӣ намудан асоси таълимоти дини мубини ислом, ҳадисҳои пайғамбари Худо ва фатвоҳои фақеҳони мазҳаби ҳанафиро ташкил медиҳад. Тибқи ин гуфтаҳо қурбонӣ кардан ба ҳама, хусусан, ба онҳое, ки имконияти моддии зиёд надоранд, серфарзанд ҳастанд ва масъулияти сарпарастии чандин касро ба зимма доранд, шарт нест.
Баръакс, шахсони дорову тавонгар, яъне онҳое, ки имконияти молиявии кофӣ доранд, бояд садақаи қурбонии худро маҳз ба чунин оилаҳо, ятимону маъюбон ва муҳтоҷону камбизоатҳо диҳанд. Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки ҳангоми омодагӣ ба ид ва оростани дастархони идона ба зиёдаравию зоҳирпарастӣ ва хароҷоти беҳуда роҳ набояд дод ва дар хотир бояд дошт, ки идро ба тӯй ё зиёфат табдил додан хоси мардуми қадимаву фарҳангии мо нест.
Бо дарназардошти ҷаҳонишавии проблемаҳои башарӣ ва вазъи ноороми дунёи имрӯза тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ ва ҳисси баланди миллӣ вазифаи муҳими ҳар як фарди ҷомеа мебошад, зеро онҳо насли пешбарандаву давомдиҳандаи фаъолияти мо мебошанд.
Дар шароити рӯз ба рӯз мураккабу печида гардидани вазъи ҷаҳони муосир падару модарон, роҳбарону фаъолон, аҳли маориф ва зиёиён вазифадоранд, ки ба тарбияи ҷавонон ва аз таъсири мафкураи зарарноки бегона эмин нигоҳ доштани онҳо эътибори доимӣ ва ҷиддӣ диҳанд. Ҳоло марҳалае фаро расидааст, ки бояд ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯст барои ободиву тараққиёти Ватани азизамон содиқона заҳмат кашад ва барои фардои дурахшони миллату давлат ҳиссаи сазовори худро гузорад.
Ватанро ободу зебо гардондан, ба қадри ҳар як ваҷаб хоки сарзамини аҷдодӣ расидан, арзишҳои неки миллиро ҳифз намудан, омӯхтани таърихи пурифтихори миллат ва фарҳанги пурғановати онро ба оламиён муаррифӣ кардан вазифаи ҳар як соҳибватани бонангу ор, ҳар як ҷавони бедордил ва инсони худогоҳ мебошад.
Бо итминон иброз медорам, ки сокинони ноҳияҳои Хуросону Абдураҳмони Ҷомӣ корҳои ободонӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани хонаву манзили зист ва хиёбону роҳу маҳаллаҳоро боз ҳам вусъат бахшида, Ҷашни пурифтихору муқаддаси Истиқлолияти давлатиро бо дастовезҳои шоиста истиқбол менамоянд.
Дар охир кулли сокинони ҳимматбаланду меҳмоннавози ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросонро ба ифтихори бистушашумин солгарди соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо фазои орому осуда ва файзу баракати фаровон орзу менамоям.
Ҳамеша хонаободу сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.08.2017 №: 167 Мутолиа карданд: 2560