номаҳо
АЗ Ӯ ИФТИХОР ДОРЕМ!
Аз пешвоям ифтихор дорам. Аз пешвое, ки дар замирашон олитарин хислатҳои инсонӣ нуҳуфтааст. Яке аз чунин хислатҳои Пешвои муаззами миллат бахшояндагию меҳрубонист. Дар муддати солҳои на чандон зиёди сипаришуда мо шоҳиди он гардидем, ки ҳазорҳо гунаҳкоронро афв намуда, ба роҳи рост ҳидояту роҳнамун сохтанд. Ба ятимону барҷомондагон, маҷрӯҳону пиронсолон чунон раҳмдилу дилсӯзанд, ки ҳеҷ гуфтан наметавон. Меҳри Пешвои миллат дар дили ҳама ҷой гирифтааст.
Дар солҳои пешин мо ёд надорем, ки сарварони давлат пайваста ба ноҳияҳо ташриф оварда, бо мардуми одӣ аз наздик рӯ ба рӯ шуда, суҳбати ошкоро карда бошанд. Вале Пешвои миллат аз тамоми ноҳияҳою деҳоти мамлакат дидан намуда, бо сокинони маҳаллаҳо аз наздик суҳбатҳо оростаанд. Хислати ҳамидаи дигари Сарвари давлат боз он аст, ки бо мардуми одӣ суҳбат карданро дӯст медоранд ва бо як самимияти хоса бо онҳо ҳарф мезананду онҳоро мешунаванд.
Боре дар маҳаллае бо мардум вохӯрӣ доштанд. Вақте ки ба минбар баромаданд, нахуст чашмашон ба он мардуми дуртар аз мо истода бархӯрд ва аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки пеш оянд. Сарвари давлат нахуст аз зиндагии онҳо ва фикру андешаҳояшон огоҳ шуда, бо онҳо суҳбат намуданд.
«Ҳаққи ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар аст» мегӯянд бузургон. Пешвои миллат баҳри оромию осудагии давлатҳои бо мо ҳамсоя чи қадар кӯшишу талошҳо намуда, аз минбарҳои баланди дунё баҳри дастгирию ободии онҳо дархост ва пешниҳодҳои ҷолиб намудаанд. Пешниҳодҳои эшон оид ба таъмини оби ошомиданӣ дар сайёра аз муҳимтарин масъалаҳо маҳсуб мешуд. Мардуми дунё аз он ҳамаҷониба пуштибонӣ намуд.
Дар боби ҳифзу асолати дини мубини ислом хизматҳояшон беназир аст. Калимаи «ислом»-ро аз ибораи «террористони исломӣ» ҷудо ва ба дини мубини ислом ҳеҷ алоқаманд набудани калимаи «террорист»-ро исбот карданд.
Агар корҳои дар зарфи чоряк аср ба анҷом расондаашонро рӯи авроқи сафед иншо намоем, даҳҳо китобро ташкил медиҳанд. Зеро ҳар як лаҳзаи талоши Пешво, ҳар як рӯзи корашон баробар ба як достон аст.
Д. РАҲИМЗОДА,
ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.08.2017 №: 169 Мутолиа карданд: 2550