ҳуқуқ
ПУРСИШ ва ПОСУХ
Ба саволҳо Ғуфрон Бойматов - узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фарҳод Тоиров, менеҷери департаменти муносибат ва ҳимояи Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон, ҷавоб доданд. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 - 16 ба мо муроҷиат намоянд.
- Вақти таваллуд шудани ман падару модарам никоҳи расмӣ надошта, танҳо баъди ду сол аз ақди никоҳи расмӣ гузаштаанд. Бо ҳамин сабаб дар шаҳодатномаи таваллудам насабам ба номи модарам сабт ёфтааст. Ҳоло падарам дар қайди ҳаёт нестанд. Чӣ тавр метавонам дар вақти гирифтани шиноснома ба насаби падарам гузарам?
Абдусаттор, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
- Тибқи муқаррароти моддаи 51 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати фавти шахсе, ки худро падари кӯдак эътироф мекард, вале бо модари ӯ ақди никоҳ надошт, далели падар эътироф шудани ӯ метавонад аз рӯи қоидаҳои муқаррарнамудаи қонунҳои мурофиаи гражданӣ бо тартиби судӣ муқаррар карда шавад. Шумо метавонед пас аз омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба суди маҳали зистатон бо ариза оид ба эътироф намудани далели эътирофи падарӣ муроҷиат намоед.
* * *
- Дар шаҳодатномаи таваллуди духтаронам номи ман нодуруст сабт гардида, айни ҳол бо сабаби номувофиқатӣ дар ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи шахсият баъзе монеаҳо ба вуҷуд омада истодаанд. Барои ислоҳ кардани ин иштибоҳ ба куҷо муроҷиат намоям?
Ойгул, шаҳри Қӯрғонтеппа
- Дар ин ҳолат шумо тибқи талаботи моддаи 269 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ” бояд ба суд бо ариза оид ба муқаррар намудани ҳолати хешовандӣ ва ворид намудани тағйирот ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандии духтаронатон муроҷиат намоед. Вақте бо ҳалномаи суд ҳолати модари духтаронатон будани шумо муайян гардид, он барои ворид намудани тағйирот ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ асос мешавад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.08.2017 №: 170 Мутолиа карданд: 1371