номаҳо
ОБ ВА МУШКИЛИ 13 ҲАЗОР АҲОЛИ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК
Аз мутолиаи матлабҳои рӯзномаи «Ҷумҳурият», бахусус Гӯшаи «шаҳрванд» (номаҳои бетаҳрир) дарёфтем, ки ин нашрия ба арзи шаҳрвандон таваҷҷуҳи хос дорад ва дар ҳалли мушкилоти онҳо таъсири нек гузоштааст.
Бинобар ин, мо як гурӯҳ сокинони Ҷамоати деҳоти Саидмуъмин Раҳимови ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон тасмим гирифтем, ки мушкилотамонро тавассути ин рӯзномаи бонуфуз матраҳ созем. Ба умеде, ки масъулони соҳа ба он мароқ зоҳир намоянд ва дар ҳалли ин масъала ба мо дасти ёрӣ дароз кунанд.
Мушкил дар он аст, ки мо - сокинони ҷамоати номбурда солҳо боз аз нарасидани оби тозаи ошомиданӣ танқисӣ мекашем. Об аз дарёи Сурхоб ба воситаи мошинҳои обкаш дастраси мо мегардад, ки он нархи муайян дорад. Хати обе, ки дар солҳои шӯравӣ сохта шуда буд, куҳнаю фарсуда шуда, пойгоҳи мавҷудаи обкашӣ насос надорад. Оби чашмаҳои кӯҳӣ талх ва ғайриистеъмол буда, дар фасли тобистон кам мегардад.
Ҷамоати деҳоти Саидмуъмин Раҳимов зиёда аз сездаҳ ҳазор аҳолӣ дошта, мо бо иншои ин нома ба унвони рӯзнома умедворем, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик ва дигар сохторҳои марбутаи давлатӣ дар ҳалли ин масъала мусоидат менамоянд.
А. ЗАРДИЕВ, С. НАЗАРОВ, Ш. РАҲМАТОВ,
Р. ХОЛМАТОВ, И. РАҲИМОВ, Ф. ҲАЙДАРОВ,
Н. ШОВАЛИЕВ, И. ҲАЛИМОВ,
сокинони Ҷамоати деҳоти Саидмуъмин Раҳимови ноҳияи Темурмалик
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.08.2017 №: 171 Мутолиа карданд: 2478