ҳуқуқ
ИСФАРА. ҚОНУНИ ТАНЗИМ ЗИНДАГИИ МАРДУМРО БА НИЗОМ ДАРОВАРД
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тайи даҳ соли амали худ тавонист, ки пеши роҳи зиёдаравиҳоро дар ҷомеа гирифта, ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии сокинони мамлакат мусоидат кунад.
Тавре Собирҷон Рустамов, мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, ба «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ бо мақсади тарғибу ташвиқи муқаррароти қонуни танзим, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, такмили донишҳои сиёсиву ҳуқуқии сокинон 241 мулоқоту вохӯрӣ, 12 машварати корӣ, 153 гардиши муштарак ва 76 санҷиш гузаронда шудааст. Дар ин давра дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 900 маърака доир гардида, оид ба риои накардани муқаррароти қонун нисбат ба чор нафар бар пояи моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ оғоз гардид.
Ба андешаи Собирҷон Рустамов қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои зиндагии арзандаи мардум заминаи устувор гузошт. Маҳз ин қонуни миллӣ боис шуд, ки шумораи тӯю маъракаҳо зиёд шуда, мардум маблағи зиёдатии худро ба корҳои хайру савоб сарф намоянд ё пасандоз кунанд. Натиҷаи сарфакорӣ буд, ки тайи чанд соли охир шумораи тӯйхонаҳо зиёд шуда, ба симои зоҳирии шаҳр ҳусни дигар зам кардааст.
Гуфта шуд, ки дар нимсолаи аввал аз ҷониби бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии шаҳри Исфара шаҳрвандон Марҳабо Носирова, Илҳомҷон Усмонов, Акмал Абдуллоев ва Мирзораҳмат Қаландаров барои риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», аз ҷумла бе иҷозат ва дар ҷойҳои ғайримуқаррарӣ додани тадриси илми динӣ, бо моддаи 474 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ҳар кадоме ба маблағи 400 сомонӣ ҷаримабандӣ шуд.
- Бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии шаҳри Исфара баҳри пурзӯр намудани риояи қонуни танзим, ҳамчунин, аз байн бурдани фарҳанги бегона дар байни занону духтарон минбаъд низ аз тамоми имкониятҳо кор мегирад, - гуфт С. Рустамов.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.08.2017 №: 171 Мутолиа карданд: 1234