logo

маориф

САНГВОР. БА СОҲАИ МАОРИФ ТАВАҶҶУҲ ЗИЁД МЕГАРДАД

Ҷиҳати  таъмин намудани пешрафти соҳаи  маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ дар ноҳияи Сангвор аз тамоми имкониятҳо  истифода шуда, барои рушди  соҳа аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, таъмини самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои  зарурӣ амалӣ мегардад. 
Зимни суҳбат сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳия Ғайратшо Шарифов иброз намуд, ки моҳи июни соли равон дар ноҳия курсҳои салоҳиятнокӣ барои омӯзгорони фанҳои математика, забон ва адабиёти тоҷик, технология дар ду марҳила ташкил ва гузаронда шуд. Дар марҳилаи якум 71 нафар ва дар марҳилаи дуюм 43 нафар омӯзгорон аз курсҳо гузашта, соҳиби сертификат шуданд. Соли гузашта  дар макотиби ҳудуди ноҳия мушкилоти кадрӣ ба назар мерасид, ки ин ҳам бошад, нарасидани муаллимони забони русӣ, англисӣ, физика, математика ва химия буд. Аз ин лиҳоз, шуъбаи маорифи ноҳия баҳри бартараф намудани норасоии кадрҳо ва таъмини муассисаҳо бо кадрҳои маҳаллӣ тамоми чораҳоро роҳандозӣ намуда истодааст, зеро маҳз кадрҳои худӣ метавонанд дар деҳаҳои дурдасти кӯҳистон ин мушкилотро аз байн баранд. Тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми  ҷумҳурӣ аз 20 нафар  мутахассисони ҷавоне, ки ба ноҳия равон карда шуданд 15 нафарашон ҳозир шуда, аз тарафи шуъбаи маорифи ноҳия бо ҷои кори доимӣ таъмин гаштанд, вале 5 нафари дигар бо сабабҳои гуногун барнагаштанд.
Сафи хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ сол аз сол зиёд гардида, эҳтиёҷ ба сохтани макотиби наву замонавиро ба миён меорад. Бино ба иттилои Ғайратшо Шарифов, пеш аз истиқлолият дар ноҳия ҳамагӣ 18 мактаб фаъолият менамуд. Дар замони истиқлоли кишвар 38 бинои таълимӣ азнавсозӣ гардида, ду мактаби замонавӣ дар деҳаҳои Чилдара (№ 2) ва  Рубодон (№ 12) сохта ба истифода дода шуд. Давоми чор соли охир 9 мактаби ибтидоӣ ба асосӣ ва 8 мактаби асосӣ ба умумӣ табдил ёфт. Дар деҳаи Хубони Ҷамоати деҳоти Ваҳдат муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ташкил шуда, бинои он бо дастгирии мақомоти иҷроия дар якҷоягӣ бо аҳолӣ  дар арафаи моҳи сентябр ба истифода дода мешавад. Ҳамчунин, муассисаи таҳсилоти ибтидоии № 51 - и деҳаи Алисурхони Ҷамоати деҳоти Ваҳдат ба муассисаи таҳсилоти асосӣ табдил дода шуда, дар назди он 2 синфхонаи иловагӣ сохта шуд.
Барои бо сарулибоси ягона таъмин намудани хонандагони макотиби миёна низ дар ноҳияи Сангвор чораҳои зарурӣ роҳандозӣ шудааст. Аз ҷумла, тибқи шартнома аз тарафи ҶДММ «Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик» ва корхонаи дӯзандагии «Чевар - 2014» - и ноҳияи Рашт либосҳои мактабӣ бо сифати хуб тайёр шуда, ба ноҳия ворид мешаванд. Тибқи шартномаи сетарафа байни шуъбаи маориф, соҳибкорон ва корхонаҳои дӯзандагӣ сарулибос ба макотиби ноҳия дастрас шуда, хонандагон метавонанд онро бо нархи дастрас харидорӣ намоянд.
Мувофиқи ҳисоботи оморӣ дар соли таҳсили 2016 - 2017 дар ноҳия 59 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 27 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 10 муассисаи таҳсилоти умумии  асосӣ, 21 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 1 интернати наздимактабӣ, 1 интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим ва бепарастор, 1 кӯдакистон ва 15 маркази инкишофи кӯдакон  фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 5210 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Имрӯзҳо дар ҳама муассисаҳои таълимии ноҳия корҳои таъмиру барқарорсозии синфхонаҳо бо сифати хуб ба роҳ монда шудааст.
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.08.2017    №: 171    Мутолиа карданд: 2374
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед