logo

ҳуқуқ

НОБОЛИҒОН. БЕТАРАФӢ БА ТАҚДИРИ ОНҲО ҶИНОЯТ АСТ!

Содиршавии ҷиноят аз ҷониби ноболиғон яке аз масъалаҳои ҷиддӣ буда,  аҳли ҷомеа, бахусус сохтору мақомотҳои дахлдор вазифадоранд, ки насли ҷавонро дар рӯҳияи риоя кардани қонун тарбия намоянд. Дар робита ба ин Раҳмон Юсуф, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зикр кард, ки дар шаш моҳи соли равон дар рафти назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 1940  нафар ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида шуда, ҳамчунин, 88 парвандаи ҷиноятӣ  оғоз гардид. Ба мақсади фаҳмондани мазмуну муҳтавои қонуни мазкур бо сокинони кишвар 830 суҳбату вохӯриҳо баргузор карда шуд.
Дар ин давра бо назардошти нақш ва аҳамияти муҳим доштани қонуни номбурда, пеш аз ҳама, ба масъалаҳои ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи одобу ахлоқи ҳамида, ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, тақлид ба фарҳанг ва либоспӯшии бегона, гирифтани пеши роҳи шомилшавии ҷавонон ба ҳаракату созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон диққати хоса дода шуд.
Назар ба гуфтаи Абдулло Шоҳ, муовини сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералӣ, аксари ҳолатҳои ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан  бинобар иҷро нагардидани уҳдадориҳои бо қонунгузорӣ пешбинишуда аз ҷониби шахсони масъул бо дастрасии талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст. Чунончи, ноболиғон А. Бобошокиров ва М. Оқилзода,  хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №58-и шаҳри Исфара 10 марти соли равон дар масҷиди ҷомеи “Ҳоҷӣ Устози Валӣ”- и маҳаллаи Навободи Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ҳангоми хондани намози “ҷумъа” боздошт шуданд.
28 март, ҳангоми гузарондани санҷиш дар маркази дилхушии «Рӯзу Шаб» ва «Аспи Сафед» - и  шаҳри Қӯрғонтеппа ба рақсу бозӣ машғул будани ноболиғон  С. Абдулло, сокини ноҳияи Муъминобод ва М. Завқиева, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки дар ягон ҷой таҳсил намекунанд,  муайян карда шуд.
Мувофиқи талаботи сархати 2, моддаи 8-и  қонуни мазкур падару модар  уҳдадоранд, ки пас аз таваллуд фарзандро дар муҳлати то се моҳ аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронанд. Аммо шаҳрванд Ш. Саидова,  сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ба чор фарзандаш, ки мутаносибан  солҳои 2001, 2003, 2007 ва 2012 таваллуд шудаанд, то рӯзи санҷиш шаҳодатномаи таваллуд нагирифтааст. 
Тибқи талаботи  моддаи 12 қонуни мазкур  ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”  омӯзгорон ва масъулони муассисаҳои таълимӣ уҳдадоранд, дар раванди таълиму тарбия нисбат ба хонандагоне, ки тартиботи дохилии муассисаи таълимиро халалдор намуда, ба дарсҳо бе тайёрӣ ва сарулибоси тавсиявӣ омада, аз таҳсил саркашӣ мекунанд, падару модари онҳоро сари вақт огоҳ ва чораҷӯӣ намоянд. Аммо санҷишҳо нишон доданд, ки талаботи зикргардида дар баъзе ҳолатҳо аз ҷониби омӯзгорон ва масъулони муассисаҳои таълимӣ риоя нагардидааст.  Масалан, М. Маҳмадқулова   дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8, шаҳри Қӯрғонтеппа ба ҳайси роҳбари синфи 8  фаъолият намуда, нисбат ба хонандагон Ҷ. Табашарова, С. Зарифӣ,  Д. Ҷумъаева  ва падару модари онҳо, ки аз 25 то 48 рӯз ва  аз 150 то 286 соатӣ дар дарсҳо иштирок надоштанд, чораҷӯӣ накарда, ба Шӯрои педагогии муассисаи таълимӣ барои баррасӣ пешниҳод накардааст.
Дар дигар ҳолатҳо бошад, баъзе омӯзгорон бар хилофи талаботи моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ки мувофиқи он омӯзгор уҳдадор аст қобилияти иҷтимоӣ ва ҷисмонии хонандагон ва донишҷӯёнро ба манфиати шахсӣ истифода набарад, амал намуда, хонандагонро дар муассисаи таълимӣ ё манзилҳои шахсии худ ба кор ҷалб менамоянд. Аз ҷумла, омӯзгори МТМУ № 53-и ноҳияи Восеъ А. Соҳибназаров хонандагони синфи нуҳ  Л. Отахон, М. Раҷабов, М. Маҳсудинов, С. Мирзоев ва Ҷ. Нуралиро дар хонаи директори муассисаи номбурда М. Ҷумъаев кор фармудааст. Вобаста ба чунин ҳолатҳо аз ҷониби прокуратураҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 11, вилояти Суғд 16, Хатлон 12, шаҳри Душанбе 37, Ҳисор 2, ноҳияҳои Шаҳринав 4, Тоҷикобод 2, Файзобод  2, дар маҷмӯъ 86 нафар роҳбар ва  омӯзгори муассисаҳои таълимӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.
Мувофиқи ахбори пешниҳоднамудаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар панҷ  моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони воҳидҳои кор бо ноболиғон ва ҷавонон 1854 амалиёти муштарак таҳти номҳои шартии “Наврас”, “Оворагард” ва “Талбанда” гузаронда шуда,  7986 нафар ноболиғ барои ҳуқуқвайронкуниҳои гуногун ба шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас карда шудаанд. Дар натиҷа дар доираи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба падару модарон ва масъулони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 8974 парвандаи маъмурӣ оғоз гардида, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба судҳо ирсол шудаанд. Аз ин 5529 нафар аз ҷониби суд ба маблағи 703423 сомонӣ ҷаримабандӣ гардида, 1070 нафар огоҳонда шуда, 2375 маводи дигар дар арафаи баррасӣ қарор дорад.
Мунаввари САФАР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.08.2017    №: 171    Мутолиа карданд: 1214
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед