ҳуқуқ
ТАМРИНҲОИ ЗИДДИТЕРРОРИСТӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД БО ҶАЛБИ БЕШ АЗ 30 ҲАЗОР НИЗОМӢ ИДОМА ДОРАНД
Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи нақшаи муштараки маҷмӯи чорабиниҳои асосии Қувваҳои Мусаллаҳ барои соли 2017 дар ҳудуди вилояти Суғд бо ҷалби сохтору мақомоти давлативу қудратӣ ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки амалиёти стратегии зиддитеррористӣ ҷараён доранд. Тамринҳои муштараки зиддитеррористӣ бо ҷалби беш аз 30 ҳазор ҳайати шахсӣ аз 14 август шурӯъ шуда, то 17 - уми ҳамин моҳ идома хоҳанд кард.
Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати мудофиа ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, чорабинии мазкур таҳти роҳбарии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чор марҳала дар ҳудуди вилояти Суғд ва машқгоҳҳои низомии Чорухдарон ва Нурафшон ба таври назариявию амалӣ ҷараён дорад. Дар рафти тамринҳо аз захираи эҳтиётии даъватшавандагон, шаҳрвандони дар қайди комиссариатҳои ҳарбибуда, техникаи хоҷагии халқ ва дигар лавозимоте, ки барои баргузории маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётии стратегии зиддитеррористӣ заруранд, истифода мегарданд. Илова бар ин, дар ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ раисони шаҳру навоҳии вилоят ва масъулони тамоми сохторҳои қудратии минтақа ширкат намуда, онҳо ба машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, сафороиву қадамзанӣ, тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ, тирпарронӣ аз техникаҳои вазнини ҷангӣ, зиреҳпӯш, силоҳу муҳимоти сабуки ҳарбӣ ва ба омӯзиши дигар мавзӯоте, ки ба нақшаи гузарондани ҷамъомади мазкур марбут мебошанд, ҷалб шудаанд. Дар маҷмӯъ, дар машқҳои муштараки амалиёти стратегии зиддитеррористӣ ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии гарнизони Суғд бо аслиҳаи мухталифи оташнишон, 10 адад авиатсияи ҷангӣ, наздик ба 200 техникаи зиреҳпӯши ҳарбӣ, 70 техникаи аслиҳавӣ ва зиёда аз 450 техникаи автомобилӣ истифода мегарданд.
Ҳадаф аз баргузории ин чорабинии муштараки низомӣ дар гарнизони Суғд сайқал додани ҳамоҳангӣ ва таҷрибаи ҳайати шахсии сохторҳои низомии мамлакат дар ташкили амалиёти муваффақонаи ҷангӣ, вусъат додани қувва ва воситаҳои минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани омодагии рӯҳиву равонӣ, қобилияти ҷангиву ҷисмонӣ ва сафарбарии қӯшунҳо дар самти доир кардани унсурҳои мухталифи зиддитеррористиро дар минтақаҳои масъулиятноки сарҳадӣ, шароити дашту саҳро ва кӯҳистони ҳудуди ҷумҳурӣ мебошад.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.08.2017 №: 172 Мутолиа карданд: 1229