logo

маориф

ЛИБОСИ МАКТАБӢ. ТАЪМИНОТ БО ОН ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ ЧӢ ГУНА АСТ?

Тайи чанд соли охир   ҷиҳати   таъминоти хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии  ҷумҳурӣ бо либоси ягонаи  мактабӣ тадбирҳои судманд   роҳандозӣ  мешаванд.  Дар минтақаҳои гуногуни   мамлакат   коргоҳҳои нави дӯзандагӣ ба фаъолият оғоз карда,  ҳам  занону духтарони хонашину  ниёзманд бо ҷойи кор таъмин  мегарданд, ҳам бо нархи дастрас истеҳсоли либоси мактабӣ ба роҳ монда мешавад.    

Холмаҳмад Тӯраев,  сардори  раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат,   доир ба   раванди таъминоти хонандагони муассисаҳои таълимии  шаҳр бо либоси мактабӣ   чунин ибрози назар намуд:
-  Раёсати маориф дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр соли сеюм аст,  ки  баҳри иҷрои  супориши  Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба таъминоти   хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар    бо либоси мактабии истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.  Дар шаҳри Ваҳдат   айни замон 151  муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дорад.  Соли  гузашта  хонандагони муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи умумӣ бо либоси ягонаи мактабии истеҳсоли корхонаҳои маҳаллии дӯзандагии шаҳри Ваҳдат,  аз ҷумла «Ёқут», «Марям»  ва  «Мафтуна», таъмин шуданд.  Тибқи  талабот ва  дархости муассисаҳои таълимӣ мо барои 40 000   хонанда бо корхонаҳои  дӯзандагии шаҳр    шартнома  ба имзо расонда будем.   Имсол барои бо либоси мактабӣ таъмин намудани хонандагон бо корхонаҳои дӯзандагии «Марям» -у «Мафтуна» - и шаҳри Ваҳдат ва ҶДММ «Олимхони хуҷандӣ» -и шаҳри Хуҷанди вилояти  Суғд  барои омода намудани  36 000  либоси мактабӣ  шартнома  бастаем.  Амалисозии шартномаи истеҳсол ва хариди либосҳои мактабӣ барои хонандагони шаҳр идома дорад. То имрӯз тибқи шартнома беш аз 5000  либоси мактабӣ омода гардидааст.
Иронбӣ МӮСОЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.08.2017    №: 173    Мутолиа карданд: 2827
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед