logo

маориф

НУРОБОД. БЕҲБУД ДАР МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ

Шуъбаи маорифи  ноҳияи Нуробод дар доираи Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012 - 2016 тадбирҳои зиёдеро рӯи кор овард. Тибқи барномаи мазкур дар назди 16 муассисаи таҳсилоти умумии ноҳия марказҳои инкишофи кӯдакони синни томактабӣ бо фарогирии 332 нафар фаъолият намуда истодаанд. Онҳо дар тайёр намудани кӯдакони хурдсол ба мактаб саҳми арзанда мегузоранд. Бояд қайд намуд, ки то оғози соли таҳсили 2016 - 2017 дар ҳудуди ноҳия ҳамагӣ як муассисаи томактабӣ фаъолият менамуд, ки дар се гурӯҳи он кӯдакон ба тарбия фаро гирифта шуда буданд. Моҳи сентябри соли 2016 дар маркази нави ноҳия - шаҳраки Дарбанд бинои муассисаи томактабӣ барои 140 ҷой аз ҷониби Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО - и Роғун» сохта шуд. Муассиса аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти сафарашон ба ноҳия (25 сентябри соли 2016) мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Имрӯзҳо ба ин муассиса, ки дорои тамоми шароити зарурӣ мебошад, 56 нафар кӯдак ҷалб гардидаанд. Дар маҷмӯъ, теъдоди кӯдакони синни томактабии ба таълиму тарбия фарогирифташуда 431 нафарро ташкил медиҳад. Тибқи иттилои масъулони шуъбаи маорифи ноҳия  ҳамаи  марказҳои амалкунанда бо воситаҳои таълимӣ, бозичаю маводи дафтардорӣ таъмин мебошанд. Аз ҳисоби ташкилоти мададрасон низ ба як қатор марказҳои инкишофи кӯдакони синни томактабӣ кумак расонда шуд, ки  барои беҳбуд бахшидани шароит дар марказҳои мазкур таъсири мусбат расонд.
Бояд зикр намуд, ки кӯдакистон дар ҳаёти кӯдак дигаргуниҳои муҳимро ворид менамояд. Аз ин лиҳоз, тарбияи онҳо дар муассисаҳои томактабӣ бояд дақиқ ва ҳадафмандона сурат бигирад. Иштироки мунтазами кӯдак дар фаъолияти мухталифи гурӯҳӣ  муносибаташро ба ҳамсолону олами беруна тағйир медиҳад. Кӯдак дар бозиҳои гурӯҳӣ, машғулиятҳо ва сайругашт нозукиҳои рафтор, муносибати байни одамонро эҳсос намуда, муоширатро меомӯзад. Ӯ ҳамон вақт ба машғулиятҳо таваҷҷуҳ зоҳир мекунад, ки маводи таълимӣ диққатҷалбкунанда ва байни мураббию тарбиятгиранда фазои солим ҳукмрон бошад.     
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.08.2017    №: 174-175    Мутолиа карданд: 2366
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед