номаҳо
ШУКРОНА АЗ РОҲҲОИ ОБОД ВА ДАВРОНИ ОЗОД
Ҳангоми сафар аз деҳа ҳамин, ки ба роҳ баромаданӣ мешудам, маро аз каҷукилебии роҳу ноҳамвории он тарс фаро мегирифт. Ҳатто боре як хешованди дурдастам иброз дошт, ки хонаи шумо омадан хуб аст, аммо ҳамин, ки аз деҳаи Зарнисор гузаштӣ, бардорузани мошин одамро хастаю лакот намуда, ин ҳол то Калининобод давом мекунад. Аммо ҳафтаи охир аз роҳ гузаштаму хеле хурсанд шудам. Орзуи дерини мо ҷомаи амал мепӯшад. Аллакай аз он роҳҳои ноҳамвор қариб, ки асаре нест. Бино ба шунидам, имрӯз наздик ба 5 километр аз деҳаи Зарнисор то деҳаи Муҷун роҳ мумфарш гардида ва дар нақша аст, ки 8,5 километр пурра мумфарш ва 16 километр аз таъмир бароварда мешавад. Роҳ ин муҳимтарин омили пешрафт аст. Роҳ моро ба тараққиёт, ба марказ, ба мулкҳои дур мепайвандад. Маҳз роҳ вақти моро сарфа, мушкиламонро осон мегардонад. Аз ин рӯ, ободшавии роҳро дида, бори дигар аз сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлату Ҳукумат шукргузорӣ намудам. Дар ноҳияи мо роҳҳои хушсифату аз ин ҳам дарозтару фарохтар бошанду моро ба тамаддунҳо бипайванданд. Шукронаи роҳҳои обод, шукронаи даврони озод, шукронаи чунин давлате, ки мақсадаш бунёду ободиву сарсабзист.
Ҳошим АЗИМОВ,
собиқадори меҳнат, иштирокчии Иҷлосияи XVI
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Деваштич
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.08.2017 №: 174-175 Мутолиа карданд: 2510