ҳуқуқ
ҶИНОЯТКОРИИ МУТАШАККИЛОНА. ДАР ШАШ МОҲ ШАШ ГУРӮҲ ОШКОР ВА МАҲВ КАРДА ШУД
Солҳои охир як қатор зуҳуроти номатлуб, назири терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккилона ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардаанд. Мусаллам аст, ки афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои даҳшатафкану ифротгаро ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии чунин хатарҳо тадбирҳои муассир андешида, гурӯҳҳои зиёди муташаккили ҷиноятиро ошкор ва маҳв сохта, аъзои онҳоро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашиданд. Аз ҷумла, бар пояи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дар нимсолаи якуми соли равон аз ҷониби кормандони ин ниҳод шаш гурӯҳ дар ҳайати 21 нафар дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст. Дар соли гузашта бошад, 34 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 167 нафар ошкор ва боздошт гардид. Дар маҷмӯъ, аз ҷониби аъзои ин гурӯҳҳои тахрибкор дар қаламрави мамлакат 146 ҷиноят содир гардид. Аз гурӯҳҳои муташаккили дастгиршуда 27 гурӯҳаш, ки 130 нафар аъзо дошт, барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд.
Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир омили дигари нигаронкунанда буда, яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ маҳсуб меёбад. Вобаста ба ин, мақомоти корҳои дохилӣ дар соли сипаришуда ва шаш моҳи соли ҷорӣ ҳафт гурӯҳро дар ҳайати 27 нафар барои содир намудани ҷинояти мансуб ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар дастгир ва безарар гардондааст. Ҳамзамон, чор гурӯҳ дар ҳайати 22 нафар барои содир намудани ҷинояти роҳзанӣ, як гурӯҳ дар ҳайати 4 нафар барои ҷиноятҳои дуздӣ, як гурӯҳ дар ҳайати 5 нафар барои содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ боздошт ва муҷозот гардидаанд.
Ин далелҳо нишон медиҳанд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар фаъолияти худро дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан, ҷинояткории муташаккилона ва фаромиллӣ, таъмини амнияту тартиботи ҳуқуқӣ, мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа таҳким бахшидаанд.
Додоҷон РӮЗИЕВ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.08.2017 №: 174-175 Мутолиа карданд: 1317