logo

маориф

АСАРҲОИ БАДЕӢ. ЧАРО ШОГИРДОН МАЙЛИ КАМТАР ДОРАНД?

Вақтҳои охир шавқу завқи наврасон ба китоб ва китобхонӣ ба куллӣ тағйир ёфтааст. Хусусан, пас аз пайдо шудани телевизор, компютер, интернет, телефони мобилӣ ва дигар техникаву технологияҳои муосир, ҷалб намудани таваҷҷуҳи хонандагон ба китобу китобхонӣ яке аз масъалаҳои мураккабест, ки бо вуҷуди таҳияи силсилабарномаҳои таълимӣ то ҳанӯз натиҷаи дилхоҳе надодааст.
Аз китоб дур шудани хонандагони муассисаҳои таълимӣ масъалаи нав нест. Балки чандин сол боз мавриди таваҷҷуҳи олимони соҳаи педагогика ва равоншиносон қарор гирифтааст. Ҳатто падару модарон низ аз он шикоят мекунанд, ки фарзандонашон умуман ба китобхонӣ майл надоранд.
Сабабҳои дур мондани хонандагон аз китоб ва китобхонӣ аз як ҷиҳат пайдо шудани интернету дигар воситаи иттилоотӣ бошад, аз ҷониби дигар китобҳои бузургҳаҷму услуби мураккаб доштани баъзе асарҳост, ки хонандагонро дилгир мекунанд. Барои хонандагони имрӯз ҳикояҳои кӯтоҳҳаҷму шавқовар  писанд аст.
Дар қадим адабиёти бадеӣ яке аз воситаҳои рушди ақливу зеҳнии инсон ба ҳисоб мерафт. Ҳар касе, ки китобхон бошад, дар ҷомеа ҳамчун шахси бомаърифат ва бофарҳанг муаррифӣ мегардид. Ин ҳам бесабаб набуд.
Равоншиносон ба хулосае омадаанд, ки муҳаббат ба китоб аз айёми тифлӣ оғоз меёбад. Бояд аз хурдӣ волидон фарзандони худро ба  китобхонӣ ҷалб намоянд. Пеш аз хоб хондани афсонаҳои шавқовар ба рӯҳияи кӯдак таъсири мусбат мерасонад ва ин раванд метавонад ӯро ба китоб дилгарм созад. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар чанд даҳсолаи охир падару модарон на танҳо ба кӯдаконашон, балки худи онҳо низ аз мутолиа дур мондаанд. Масъалаи ҷалб ва бедор кардани шавқи китобхонӣ танҳо ба дӯши муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорони фанни забон ва адабиёт нест. Усул ва воситаҳои гуногуни ҷалби хонандагон ба китобхонӣ зиёд аст, вале барои корбурди онҳо, пеш аз ҳама, донистани ҳолати психологии ҳар як хонанда зарур аст. Масалан, омӯзгор бояд муайян созад, ки кадом мавзӯъ ба хонанда писанд аст. Аз рӯи он бояд ба хонанда китоб тавсия кунад. Ҳамчунин, ҳангоми тавсияи китоб синну соли хонанда бояд ба назар гирифта шавад.
Имрӯз шогирдон, ки дар олами маҷозии интернет худро ором ва озод эҳсос мекунанд, дигар ба маънии баланди ашъори бузургони классик ва муосир таваҷҷуҳ намекунанд. Дар ин миён чандин китоби шарҳу тафсири асарҳои бузургони мо таҳия ва нашр шудаанд, аммо то ба ҳанӯз бисёре аз хонандагон дар донистани маънии ашъори классикон  дармемонанд. 
Интихоби жанр барои омӯзгороне, ки дар вақтҳои таътили зимистона ва тобистона барои хонандагон рӯйхати китобҳоро тавсия мекунанд, хеле зарур аст. Омӯзгор бояд нахуст ҳикояву повестҳои шавқоварро пайдо кунад ва хондани онҳоро ба хонандагон тавсия диҳад. Дар ин маврид, асарҳои «Ҳазору як шаб», «Чор дарвеш», «Ҷомеъ – ул - ҳикоёт», «Марги судхӯр», «Одина» «Ривояти суғдӣ», достонҳои «Шоҳнома» (таҳияи С. Улуғзода)  ва чанд китоби дигарро метавон ба хонандагон тавсия намуд.
Нақши асосиро дар ин раванд метавонад дарсҳои  хониш  бозанд. Зарур  аст, ки   хонанда   худро  ҳамчун  қаҳрамони воқеаҳои  асари  нависанда тасаввур созад. Дарси хониши асарҳои бадеӣ, ки яке аз  воситаҳои муҳим барои  ҷалби  хонандагон ба китобхонӣ мебошад, бояд ҳадафмандона ва ҷолиб бошад. Омӯзгорро зарур аст, ки дар ин гуна ҳолатҳо нахуст шароити озоди интихоби асарро ба хонандагон фароҳам орад.
Ҳамчунин, барои ҷалби хонандагон ба китоб метавонанд дар вақти дарси забон ва адабиёт, ҳангоми омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти шоирону нависандагон, мизи гирд ташкил карда, аз рӯйи асари ҳамон нависандае, ки мавриди омӯзиш қарор гирифтааст, воқеаҳо ва қаҳрамону персонажҳои онро мавриди муҳокима қарор диҳанд. Бигзор хонанда озод бошад, ба таври мустақим фикру мулоҳизаи худро ба воқеаҳои асар баён кунад. Дар ин ҳолат хонандагон ба асарҳои нависандагон на сарсарӣ, балки бо таваҷҷуҳи хоса муносибат ва маънои онро дарк мекунанд. Ҳамчунин, китобҳои электрониро низ ба хонандагон тавсия намудан мумкин аст. Чун имрӯз телефонҳои мобилии нав ба нав ба дасти хонандагон расидаанд, аз онҳо низ барои хондани китоб истифода бурдан мумкин аст.
Шоира УСМОНОВА,
омӯзгори коллеҷи омӯзгории ноҳияи Мастчоҳ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.08.2017    №: 174-175    Мутолиа карданд: 3005
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед