номаҳо
ҚИССАИ ЯК ТАШВИШ
28 июли соли равон тавассути ҳавопаймо ба пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе омадам. Пеш аз парвоз ба набераам Рукниддини 13 – сола занг зада гуфтам, ки соатҳои 15 – 16 – и рӯз маро дар фурудгоҳ интизор шавад.
Бояд зикр бинамоям, ки синну солам аз 70 гузаштаву неруи бардоштани борро надорам. Яъне, Рукниддин дар ин маврид бояд барои мададам меомад.
Бовар доштам, ки бо фуруд омаданам маро набераам мебинаду ба ёриям мешитобад. Не, чунин нашуд. Бо парешонхотирию андешаҳои гуногун набераамро аз гирду атрофи фурудгоҳ ҷустуҷӯ кардам. Наёфтам.
Ба назди ронандагони таксӣ омадам. Аз телефони ронандае ба телефони набераам занг задам. Телефонаш хомӯш буд. Гумонҳои зиёд домангирам шуданд. Аз худ бо изтироб мепурсидам: «Ба ӯ чӣ шуда бошад? Чаро наёмад? Магар рухдоди воқеае нохуш ба омаданаш монеъ гардид?». Ба ҳеҷ пурсишам посух намеёфтам. Аз ронандае хоҳиш намудам, ки маро то ба хонаам бибарад. Дар хона ҳам аз Рукниддин хабаре набуд. Баъди 15 – 20 дақиқа ҷиянам Маҳинабону бо ӯ пайдо шуд. Бар асари гиря чашмони набераам сурху нам гардида буд. Аз ӯ пурсидам, ки чӣ воқеа рӯй дод ва чаро гиристааст. Магар аламаш тоза шуд, ки инони гиряро сар дод. Дар ин ҳол аз тарсу ваҳм ёрои сухан кардан надошт. Маҳинабону гуфт, ки «ӯро аз милисахона ё худ аз дасти милитсияи минтақаи маъмурии № 8 – и назди фурудгоҳ озод карда овардам».
Маълум гардид, ки набераам дар фурудгоҳ интизори омаданамро мекашидааст. Дар ин ҳол милитсия ё худ корманди шуъбаи корҳои дохилӣ ӯро оварда, бе он ки чизе фаҳмонад маҳкам карда будааст.
Ба ҷуз набераи ман 8 нафар интизорбударо низ оварда маҳкам намудаанд.
Фикр намекунам, ки чунин тарзи муносибат аз рӯи адолату талаботи муҳофизони тартиботи ҷамъиятӣ бошад. Аз ин рӯ, ба гӯшаи «Шаҳрванд» - и рӯзномаи «Ҷумҳурият» ин номаро ирсол кардам. Бовар дорам, ки масъулон сари ин масъала тадбирҳои заруриро меандешанд ва чораҷӯӣ менамоянд.
Қ. ШОҲЗОДАҲАСАНОВА,
шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.08.2017 №: 176 Мутолиа карданд: 2437