logo

маориф

ЛИБОСИ МАКТАБӢ. МАСЪАЛАҲОИ ҲАЛТАЛАБ КАМ НЕСТАНД!

Бо мақсади таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва бо нархи арзон ба аҳолӣ пешкаш намудани маҳсулоти ниёзи мардум Ҳукумати мамлакат тадбирҳои мушаххас амалӣ намуда истодааст. Ҳамасола, дар арафаи соли нави хониш, масъалаи таъмини хонандагони муассисаҳои  таҳсилотӣ бо сарулибоси ягона ба миён меояд. Имсол таъмини хонандагон бо либоси мактабӣ дар кадом сатҳ қарор дорад? Оё корхонаҳои ватанӣ метавонанд ниёзҳои аҳолиро бароварда намоянд? Хабарнигори мо барои рӯшанӣ андохтан ба масъалаи мазкур мавзӯъро пайгирӣ намуд.

- Дар 7 моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби корхонаҳои дӯзандагии шаҳру ноҳияҳои кишвар 298 ҳазору 314 адад либоси мактабӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 ҳазору 333 адад зиёд мебошад, - иттилоъ дод Шаҳзода Қаюмова, сардори раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав. Ба гуфтаи вай ҳоло дар ҷумҳурӣ зиёда аз 35 корхонаву коргоҳҳои дӯзандагӣ ба дӯхти либосҳои мактабӣ машғуланд, ки метавонанд пурра ниёзи хонандагони муассисаҳои таълимиро бароварда гардонанд. Барои беҳтар намудани сифат, дастрасии нарх ва ба талаботи бозор мутобиқ кардани маҳсулот тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Дар ин самт вазорат бо агентии «Тоҷикстандарт» ҳамкорӣ дорад. 
Боиси тазаккур аст, ки масъалаи таъмини хонандагони минтақаҳо бо либоси мактабӣ имрӯзҳо бамаротиб беҳтар гардидааст. Дар вилояти Суғд қариб, ки мушкилиҳо аз байн рафтаанд. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ ин масъала ҳалли худро ёфта истодааст. Дар таъмини аҳолии кишвар бо либоси мактабӣ иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик», «Даҳбед», «Чевар - 2014», «Зуҳал - 2014», «Каёнӯш», «Ресандаи Қӯрғонтеппа», «Аъзам», «Гулдаст - 2015», «Асри тиллоӣ», «Олимхони Хуҷандӣ» ва «Ҳусния» пешсаф буда, барои таъмини бозор бо маҳсулоти худӣ мусоидат менамоянд. 
Бо вуҷуди ин, масъалаҳои ҳалталаб дар ин самт боқӣ мондаанд. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки дар интихоби либоси мактабӣ ҳанӯз ҳам волидон ба душворӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Барои огоҳӣ ёфтан аз вазъи воқеии ярмаркаҳо бо сокинон ҳамсуҳбат шудем. Аксарият аз сифату тарҳи либосҳо изҳори нигаронӣ доштанд. Сокини пойтахт Зулфия Қурбонова, ки барои 5 фарзандаш аз корхонаи «Нассоҷии тоҷик» либос интихоб мекард, аз номувофиқатии андозаву матои либосҳо шикоят кард. Ӯ мегӯяд: «Андозаи либосҳо гуногунанд. Агар шим мувофиқ бошад, костюмаш танг ё кушод аст. Либосҳо ҳамагӣ барои як мавсим тоб меоранд».
Масъалаи дигар ин таҷҳизондани корхонаҳо бо технологияи муосир мебошад.  На ҳамаи корхонаҳо иқтидори дӯхтани шиму костюмро доранд. Аз ҷониби дигар, матое, ки дар корхонаҳои ҷумҳурӣ истеҳсол мешавад, наметавонад ба пуррагӣ талаботи аҳолиро қонеъ гардонад. Бинобар ин, талабот ба матои хориҷӣ боқӣ мемонад. Ин молҳо бо фармоиши мактабҳо ба кишвар ворид мегарданд.
Ба гуфтаи Шаҳзода Қаюмова иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик» ва корхонаи «Нассоҷии Хуҷанд» аз ришта то матоъро истеҳсол мекунанд. Вале бо назардошти мавҷудияти талабот ба дигар намуди матоъҳо, молҳои хориҷӣ низ истифода мешаванд. Барои он ки молҳои воридотӣ ба нархи либос халал ворид насозанд ва он муътадил нигоҳ дошта шавад, вазорат ба Ҳукумати мамлакат бобати аз боҷи гумрукӣ озод кардани ашёи воридшаванда пешниҳод манзур дошт.  
Тибқи маълумоти дастрас ҳоло дар муассисаҳои таълимӣ беш аз 1 миллиону 800 нафар хонанда таҳсил мекунад. Дар назар аст, ки истеҳсоли либоси мактабӣ ба 1 миллиону 10 ҳазор расонда шавад.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.08.2017    №: 176    Мутолиа карданд: 2344
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед