туризм
ҚАЛЪАИ МУҒ БОЗ ЯК МАКОНИ САЙРУ САЁҲАТ ДАР ИСТАРАВШАН
Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ба шарофати сиёсати созандаю бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони азиз ба як кишвари гулгулшукуфон табдил шуда, симои шаҳру навоҳии мамлакат ба куллӣ дигаргун гардид.
Шаҳри бостонии Истаравшан низ дар партави ин сиёсати хирадмандона ободу зебо гардида, ба як гӯшаи дилрабои ин сарзамини биҳиштосо табдил шудааст. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти маҳбуби кишвар ва талошҳои роҳбарияти шаҳр ахиран корҳои созандагиву ободонӣ, бунёди иншооти наву замонавӣ, барқарории ёдгориҳои таърихиву боғу гулгаштҳо вусъати тоза пайдо намуд. Дар ҳамин доира дар як муддати кӯтоҳ майдони Ғалабаи шаҳр ва гирду атрофи он навсозӣ шуд. Назди майдон бошад, ба яке аз ҷойҳои фароғатию истироҳатии сокинон ва меҳмонон табдил ёфт. Қариб тамоми ҷӯйборҳо нав шуда, роҳҳо мумфарш гардиданд.
Айни замон дар Қалъаи Муғ, ки яке аз ёдгориҳои бузурги таърихист, корҳои барқарориву навсозӣ идома доранд. Раиси шаҳр нақшаи амфитеатрро тарҳрезӣ намудааст, ки имрӯзҳо дар ин ҷо садҳо нафар бо ҷойи кор таъмин гардида, машғули ободкорианд. Рафти корҳои ободонию созандагӣ сокинони шаҳрро итминон мебахшад, ки бо намои тоза касб кардани симои ин макони таърихӣ шумораи сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба ин мавзеъ боз ҳам афзуда, дар бахши ҷаҳонгардии шаҳр такони нав бахшида мешавад. Ин иқдоми наҷиби шаҳрдорӣ дар арафаи 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қобили дастгирӣ буда, мо сокинони шаҳрро водор месозад, ки дар вусъат бахшидани корҳои ободонии сарзамини хеш саҳми фаъол дошта бошем.
Бахтиёр НАЗИРӢ,
директори осорхонаи
таърихӣ-кишваршиносии шаҳри Истаравшан
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.08.2017 №: 177 Мутолиа карданд: 3538