ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ва ҶАЗО
Латукӯбе, ки бо марг анҷом шуд
Кормандони мақомоти милитсия дар шаҳри Хуҷанд як марди 32-соларо ба гумони содир намудани ҷинояти куштор дастгир намуданд.
Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ ин сокини шаҳри Хуҷанд баъд аз зуҳури 20 август дар хонаи истиқоматии зани 34-сола бо як сокини маҳаллаи Чашма муноқиша карда, ӯро латукӯб намудааст. Дар натиҷа шахси латукӯбшуда, ки ӯ низ марди 32-сола гуфта мешавад, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Баррасии масъалаи ришваситонии муовини директор дар суд
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз анҷоми тафтишоти пешакӣ ва тасдиқи фикри айбдоркунӣ парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба муовини директори литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Файзобод Абдукарим Рабиевро ба суд ирсол намуд.
Тибқи иттилои маркази матбуотии агентӣ, Абдукарим Рабиев ҳанӯз 12 июли соли ҷорӣ ҳангоми аз шаҳрванд “А” гирифтани пора ба маблағи 4700 сомонӣ дар дафтари кориаш дастгир гардид. Номбурда ин маблағро ба манзури тайёр карда додани диплом ва шаҳодатномаи хатми курси ронандагии литсейи мазкур талаб намудааст, ки дар робита ба он парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 32 қисми 3-319 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Оғози парвандаи ҷиноятӣ барои ҷамъоварии ғайриқонунии шираи камол
Зимни гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 21 августи соли ҷорӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон - Ҳамидулло валади Гулмурод, Ҳабибулло валади Азизулло, Ғуломсахи валади Абдулҳаким ва Абдушукур валади Муҳаммадазим, истиқоматкунандагони деҳаи Хулми вилояти Мазори Шариф, ҳангоми ҷамъоварии ғайриқонунии шираи камол дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ба даст афтоданд.
Сомонаи ВКД бо тасдиқи ин хабар навиштааст, ки мувофиқи маълумотномаи Раёсати Хадамоти фаъолияти фармасевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз дастгиршудагон 12 килограмму 900 грамм маводи шираи камол дарёфт ва мусодира шуда, дар робита ба он парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.08.2017 №: 178-179 Мутолиа карданд: 1331