номаҳо
"МАКТАБ" Ё "МУАССИСА"?
Чанд сол аст, ки дар матбуоти даврӣ калимаи «муассиса» мавриди истифода қарор дорад. Бо пешниҳоди Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ низ ба ҷои калимаи «мактаб» калимаи «муассиса» - ро пазируфтанд. Бешак, дар ин маврид маблағҳои хеле зиёд барои иваз намудани овезаҳо, муҳр, «мактаб» сарф шудаанд. Аммо дар рӯзномаю маҷаллаҳо ҳанӯз ҳам калимаи «мактаб» боқисту мавриди истифода қарор дорад. Албатта, мисол намеорам, чун бениҳоят зиёд онро кор мефармоянд. Инчунин, ҳақиқати мазкур исботро намехоҳад. Ба фикри инҷониб, иваз намудани калимаи «мактаб» ба калимаи «муассиса» он қадар зарурияти зиёд надошт, зеро чӣ «мактаб» ва чӣ «муассиса» - ҳар ду калимаи арабист. Аммо аввалӣ нисбат ба дувумӣ бештар мавриди истифода қарор дошту фаҳмо буд.
Чунин ивазкуниҳо ва он ҳам зуд-зуд ба нафъи забон, миллату кишвар нест. Агар масъулон як бор бо диққат ба матбуот ва радиою телевизион аҳамият бидиҳанд, ҳатман ба чунин навиштаҳову гуфтаҳо дучор мешаванд: мактаби миёна, мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ. Яъне ин се ифода то қабули «муассиса» дар чанд соли охир чун дар истифода буд, дар зеҳнҳо ҳамчунон нишастаасту зудудани онҳо ба осонӣ даст намедиҳад.
Кӣ кафолат дода метавонад, ки фардо боз ин ифода низ тағйир намеёбад?
Алифшо ШОАЛИФЗОДА, омӯзгори собиқадор, раиси собиқадорони ҷангу меҳнати деҳаи Яхшиволи ноҳияи Ишкошим
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.08.2017 №: 180 Мутолиа карданд: 2603