logo

туризм

ОСОРХОНА ДАР ҲАВОИ КУШОД

Ҳисор бо таърихи куҳан, иморатҳои вижаи дар давраҳои гуногун қоматафрохта, фарҳанги волои гузаштагони сарзамини аҷдодӣ ва бозёфтҳои нодири ҳафриётӣ дер боз мавриди таваҷҷуҳи сайёҳон ва бостоншиносон қарор гирифтааст.

Яке аз маконҳои диданӣ Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии  Ҳисор ба ҳисоб меравад. Ин осорхона зери фазои кушод ҷойгир буда, қимати беҳамтои таърихӣ, бостоншиносӣ ва меъмориро дар худ нуҳуфтааст. Барои боздид аз он ҳамасола ҳазорҳо сайёҳону меҳмонон ташриф меоранд. Мамнуъгоҳ соли 1982 таъсис ёфта, дар ҳудуди 22 гектар, дар мавзеи зебоманзар воқеъ гардидааст. Дар ин макон беш аз 3000 - сол қабл маркази тамаддуни воло мавҷуд буд. Ёдгориҳои таърихию меъморие, ки то имрӯз симои аслии хешро маҳфуз доштаанд, бунёдашон аз қарни XI пеш аз мелод оғоз гирифта, то садаи XIX идома меёбанд. Маҷмааи ёдгориҳои таърихию меъморӣ шаҳри асримиёнагиро мемонад, ки дорои майдон - Регистон, дижи қадим, силсилаи иншооти фарҳангӣ - маърифатӣ, ҷомеавӣ – савдоӣ мебошад. Майдони Регистонро ду мадрасаи куҳна ва нав, корвонсарои хиштин, дарвозаи арк, девори мудофиавии Ҳисор иҳота кардаанд. Дуртар аз майдони Регистон дар қисми ҷанубӣ мақбараи Махдуми Аъзам, дар қисмати ҷанубу шарқӣ масҷидҳои Сангин, Одина ва мадрасаи Чашмаи моҳиён воқеанд. 
Ҳафриёти бостоншиносии дар ин мавзеъ гузарондашуда аз он дарак медиҳад, ки Ҳисор яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Миёна ба шумор меравад. Одамон ҳанӯз 40 - 50 ҳазор сол қабл дар ин мавзеи бобаракат маскун шуда, ба зироаткорию чорводорӣ ва ҳунармандӣ машғул буданд.
Тибқи иттилои Зикрулло Ҷобиров, директори Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба мамнуъгоҳи таърихию фарҳангӣ беш аз 11 ҳазор меҳмон аз дохилу хориҷи кишвар ташриф оварданд. Аз ин шумора 1716 нафар аз хориҷи кишвар, 5480 нафар меҳмонони дохилӣ ва 3850 нафар хонандагону донишҷӯён мебошанд. Аз ҳисоби онҳо ба буҷети давлат 31510 сомонӣ маблағ ворид гашт. Дар ин давра теппаи ҳокимнишин, аскархона ва уштурхона тоза карда шуд.
Ҳисор ҳанӯз пурра омӯхта нашудааст. Аз ин рӯ, олимону бостоншиносон ва сайёҳон аз кишварҳои хориҷ зиёд ба ин мавзеъ сафарҳои кориву маърифатӣ анҷом медиҳанд. Ба андешаи мутахассисони соҳаи сайёҳӣ баҳри ба талаботи ҷаҳонгардии муосир мутобиқ  намудани он бояд корҳои муайянро сомон бахшид. Аз ҷумла, фаъолияти марказҳои савдои хӯроку маводи зарурӣ, ашёҳои гуногуни хотиравиро ба роҳ монд.
Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор бо таърихи куҳану фарҳанги волои худ сазовори сарфарозӣ дар ҷаҳони сайёҳист. Месазад, ки ин ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги миллӣ ба макони сайру саёҳати ҷаҳонӣ табдил ёбад.
Л. РИЗОӢ, Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.08.2017    №: 180    Мутолиа карданд: 2549
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед