logo

ҳуқуқ

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО…

Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик ба масъалаҳои ҳалталаби марбут ба ҳаёти ноболиғону ҷавонон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт корҳои муайянро анҷом додааст.
Бино ба иттилои Суҳбатулло Сафаров, сармутахассис оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, комиссия дар ҳамкории зич бо бахши ҷавонон ва варзиш, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои  миллӣ, кор бо занон ва оила, хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонон ва ноболиғони ШВКД-и ноҳия дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, пӯшидани либоси ба фарҳанги мо бегона, шабгардӣ ва дарсгурезии ноболиғон суҳбату вохӯриҳои судманд гузарондааст. Мутаассифона, соли ҷорӣ як ҳодисаи худкушӣ аз ҷониби ноболиғ Раҷабалӣ Сафаров, сокини Ҷамоати деҳоти Танобчӣ, ба амал омад. Тибқи хулосаи табибон ин ноболиғ баъди гирифтор шудан ба бемории рӯҳӣ даст ба худкушӣ задааст. 
Дар нимсолаи аввал ба комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки ноҳия шаш парвандаи  фарзандхондӣ ворид гардида, қаноатбахш гардонда шуданд. Дар ноҳия барои дастгирии шахсони яккаю танҳо ва дигар гурӯҳҳои эҳтиёҷманд тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Саидмуъмин Раҳимов аз тарафи шахсони саховатманд ба 214 нафар маъюб, ятим ва оилаҳои камбизоат ба маблағи 23 ҳазору 450 сомонӣ кумак расонда шуд. Инчунин, намозгузорони масҷидҳои ҷамоат ба ятимон кумаки моддӣ расонданд.
Ба гуфтаи Суҳбатулло Сафаров, чунин иқдом дар Ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнус низ рӯи даст гирифта шуд. Шахсони саховатманд ба 30 нафар кӯдаки маъюб ба маблағи 2265 сомонӣ ёрии яквақта расонданд. Инчунин, яке аз саховатмандони Ҷамоати шаҳраки Совет ба 60 оилаи камбизоат ва ниёзмандон ба маблағи 180 ҳазор сомонӣ кумак расонд. Саховатмандони Ҷамоати деҳоти Қарақамиш, 516 оилаи камбизоат, маъюб ва собиқадорони ҷангу меҳнатро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ карданд.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»   


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.08.2017    №: 180    Мутолиа карданд: 1184
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед