logo

маориф

ЛИБОСҲОИ МАКТАБӢ. СОҲИБКОРОНИ ВАТАНИРО ДАСТГИРӢ МЕБОЯД!

Дар арафаи соли нави хониш дар назди Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик», корхонаҳои «Гулистон», «Даҳбед - Д», «Ресандаи Қӯрғонтеппа», «Нассоҷии Хуҷанд», «Олимхони Хуҷандӣ» ва «Коргоҳи дӯзандагӣ» ба таври доимӣ намоиш - фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардидааст.

Дар корхонаи «Гулистони Душанбе» бо иштироки хонандагону омӯзгорон таҳти унвони «Интихоби ман - маҳсулоти ватанӣ» намоиш – фурӯши либосҳои мактабӣ доир гардид. Инчунин, дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Конибодом ва Панҷакенти вилояти Суғд аз ҷониби корхонаҳои дӯзандагӣ чунин ярмаркаҳои фурӯши либоси мактабӣ ташкил карда шуданд. Ҳамзамон, дар чунин ярмаркаҳо аз ҷониби корхонаҳои дӯзандагӣ ба зиёда аз 500 ятими кулл ва аз оилаҳои камбизоат сару либоси мактабӣ ройгон тақдим гардид.
Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки солҳои охир сифати дӯхти либоси мактабии истеҳсоли корхонаю коргоҳҳои ватанӣ беҳтар гардида, нархи онҳо нисбат ба маҳсулоти воридотӣ арзонтар шудааст. Тибқи маълумоти оморӣ, ҳоло дар миқёси ҷумҳурӣ зиёда аз 40 корхонаю коргоҳ ба дӯхти либоси мактабӣ машғул буда, барои истеҳсоли маҳсулот дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамон васлу насб кардаанд. Давоми ҳафт моҳи соли равон аз ҷониби корхонаҳои соҳа қариб 300 ҳазор либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст. Дар зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот саҳми корхонаҳои ИИ «Нассоҷии тоҷик» - и шаҳри Душанбе, «Даҳбед - Д» - и шаҳри Ҳисор, «Чевар - 2014», «Зуҳал - 2014» - и ноҳияи Рашт, «Гулдаст - 2015» - и шаҳри Конибодом, «Ҳусния - Б» - и ноҳияи Ҷ. Расулов, «Олимхони Хуҷандӣ» - и шаҳри Хуҷанд, «Коргоҳи дӯзандагӣ» - и шаҳри Қӯрғонтеппа, «Сабр - 2016», «Каёнуш» - и ноҳияи Данғара, «Сомон - 2013» - и ноҳияи Ҷ. Балхӣ, «Субҳи Сарбанд» ва «Бофандаи Норак» назаррас аст. Тавассути ташкили чунин ярмаркаҳои фурӯши либоси мактабӣ хонандагони муассисаҳои таълимӣ маҳсулоти хушсифату арзон мехаранд.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.08.2017    №: 181    Мутолиа карданд: 2415
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед