ҳуқуқ
ПУРСИШ ва ПОСУХ
Ба саволҳо Ғуфрон БОЙМАТОВ - узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фарҳод ТОИРОВ, менеҷери департаменти муносибат ва ҳимояи Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон, ҷавоб доданд. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238-54-16 ба мо муроҷиат намоянд.
- Панҷ сол пеш манзили истиқоматиеро, ки айни замон бо аҳли оилаам дар он зиндагӣ дорам, харида будам. Соҳибмулки манзили истиқоматӣ, вақте маблағи хонаро ба ӯ пурра пардохт намудам, ҳуҷҷатҳоро дода, дар хусуси хонаро ба ман фурӯхтанаш забонхат навишт. Ваъда дод, ки пас аз барқарор намудани шиносномаи гумшудааш, шартномаи харидуфурӯшро дар идораи нотариалӣ ба расмият медарорад. Аз байн қариб ду сол мегузарад, вале аз ӯ дарак нест. Ба гуфтаи баъзе шиносҳояш, як сол пеш бо аҳли оилааш ба Федератсияи Русия кӯчида рафтааст. Бигӯед, ки оё ман метавонам бе иштироки соҳиби хона ҳуҷҷатҳоро ба номи худам ба расмият дарорам?
Ш. Азизов, сокини шаҳри Хуҷанд
- Не, бе ҳузури соҳибмулки манзили истиқоматӣ дар идораи нотариалии давлатӣ шартномаи харидуфурӯши манзили истиқоматӣ ба расмият дароварда намешавад. Дар чунин ҳолат шумо метавонед бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба суд бо ариза “Оид ба муқаррар намудани воқеияти ҳолати баста шудани шартномаи харидуфурӯши манзили истиқоматӣ” муроҷиат намуда, танҳо пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи судӣ соҳибмулки манзили истиқоматии харидаатон гардед.
- Соли 2016 писареро ба фарзандхондӣ қабул карда будам, вале аз уҳдаи тарбияи ӯ баромада натавонистам. Барои бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзанд борҳо нисбат ба ман ҷазои маъмурӣ татбиқ шуд. Оё метавонам, ки фарзандхондиро дар асоси қонун бекор кунам?
Н. Ситора, ноҳияи Бохтар
- Мақсади асосии фарзандхондӣ барои кӯдак муҳайё сохтани шароити мусоиди таълиму тарбия дар оила мебошад. Аммо, тавре ба мушоҳида мерасад, на ҳама вақт шахсони кӯдакро ба фарзандхондӣ қабулкарда аз уҳдаи ин вазифаи басо масъулиятнок мебароянд. Барои ҳамин ҳам, қонунгузорӣ бекор кардани фарзандхондиро пешбинӣ кардааст ва он танҳо бо роҳи судӣ анҷом дода мешавад. Яъне, шумо метавонед ба тариқи дахлдор ариза тартиб дода, ба суди маҳали зистатон пешниҳод намоед. Саркашӣ кардан аз иҷрои вазифаҳои падару модарӣ яке аз асосҳои бекор кардани фарзандхондии кӯдак мебошад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.08.2017 №: 181 Мутолиа карданд: 1398