ҳуқуқ
ҚӮРҒОНТЕППА. АЗ ДАСТГИРИИ ЭҲТИЁҶМАНДОН ТО ҶАРИМАБАНДИИ ҚОНУНШИКАНОН
Бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа барои риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва гирифтани пеши роҳи хурофоту зоҳирпарастӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда кор мегирад.
Бино ба иттилои Фурқат Забиров, мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа, дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз тарафи Комиссияи доимӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии шаҳр 895 маърака сабт шудааст. Маблағи умумии дар ин маъракаҳо сарфшуда зиёда аз 2 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаригашта 39800 сомонӣ кам мебошад.
Дар ин давра аз тарафи иттиҳодияҳои динии шаҳр ба оилаҳои ниёзманд ба маблағи 40122 сомонӣ кумаки хайриявӣ расонда шудааст. Ҳамчунин, шахсони саховатпешаи шаҳр якҷо бо раисони кумитаҳои маҳаллӣ ба эҳтиёҷмандон зиёда аз 455 ҳазор сомонӣ ёрии якдафъаина расондаанд.
Барои риоя нашудани муқаррароти қонуни танзим дар нимсолаи аввали соли равон панҷ қонуншиканӣ сабт шуда, барои баррасӣ ба суди шаҳрӣ ирсол гардидааст. Ду парвандаи дигар бошад, дар суди ноҳияи Бохтар мавриди баррасӣ қарор дорад. Бо қарори суди шаҳри Қӯрғонтеппа шаҳрвандон Ҳасаналӣ Эргашов, Шокир Султонов, Суҳроб Ашӯров, Раҷабгул Абдуллоева, Шералӣ Саидов барои вайрон намудани талаботи моддаҳои 8, 9, 10 ва қисми 3 моддаи 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо дастрасии моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷаримабандӣ шудаанд. Маблағи умумии ҷаримаҳои ситондашуда 24500 сомониро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи Фурқат Забиров, ҷиҳати риояи талаботи моддаҳои 17 ва 22-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», ҳамзамон пешгирии фурӯши адабиёти таъйиноти динидоштаи тарғибкунандаи зӯроварӣ, ақидаҳои тундхоҳонадошта, инчунин, истеҳсол, содирот, воридот, фурӯш ва паҳн намудани адабиёти динӣ бе хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ мунтазам санҷишҳо гузаронда мешаванд.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.08.2017 №: 182 Мутолиа карданд: 1288