logo

маориф

ДАРС. РАФТУОМАДИ ДОНИШҶӮЁН ТАНЗИМ МЕШАВАД!

Дар сурати бо воситаҳои нақлиёт ба муассисаи таълимӣ омадани донишҷӯ ӯ бе ҳуқуқи барқарор шудан ба муҳлати се сол аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ хориҷ карда мешавад.

Ин нуктаро Саид Нуриддин, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» дар иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати панҷум баён намуд. Ба гуфтаи ӯ, тағйирот ба қонуни мазкур бо мақсади  ба танзим даровардани рафтуомади донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таъмини устувори раванди таълиму тарбия, пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ ва баланд бардоштани масъулияти донишҷӯён амалӣ карда мешавад.
Дар иҷлосия, ҳамчунин, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар, зимни ташреҳи лоиҳа иброз дошт, ки бо вуҷуди тадбирҳои андешидашуда ва пешгирӣ намудани қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ вазъи содиршавии ҳодисаҳои роҳ ва нақлиёт ташвишовар боқӣ мондааст.
Зикр шуд, ки дар давоми 10 солу шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 15 ҳазор садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа наздик ба 5 ҳазор нафар ҳалок ва беш аз 17700 нафар ҷароҳат бардоштааст. Аз ин шумора 518 садамаи нақлиётӣ дар ҳолати мастӣ ба қайд гирифта шуда, 160 нафар ҳалок ва қариб 600 нафар захмӣ шудааст. Дар ин давра қариб 2500 садамаи нақлиётӣ аз тарафи шахсоне, ки бе ҳуҷҷати ронандагӣ нақлиётро идора кардаанд, содир шудааст, ки дар натиҷа ба ҳалокати 831 нафар ва ҷароҳат бардоштани зиёда аз 2800 нафар боис гардидааст. Ба гуфтаи вазир, ҷиҳати пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ нисбат ба ронандагоне, ки дар ҳолати мастӣ ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ воситаҳои нақлиётро идора менамоянд, ба садамаҳои марговари нақлиёт роҳ медиҳанд, бо истифода  аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ  аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо пешбинӣ шудаанд. Тибқи онҳо ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати аз 10 то 15 сол ва маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати аз 10 то 20 сол муқаррар шуда,  ҷарима то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ гардидааст.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.08.2017    №: 182    Мутолиа карданд: 2385
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед