номаҳо
КӮЛОБ. НАРХУ НАВОРО КӢ НАЗОРАТ МЕКУНАД?
Дар бозорҳои «Саховат», «Абдухолиқ», «Сомонӣ» ва «Деҳқонбозор» - и шаҳри Кӯлоб нархи ҳама намуди маҳсулоти ниёзи мардум гарон аст. Танҳо рӯзҳои охир нархи бодиринг ва зардолу каме поён рафтаасту халос. Масалан, як килограмм бодиринг аз 2,50 то 3 сомонӣ арзиш дошт. Ҳоло як сомонӣ. Алҳол дар бозори «Деҳқонбозор» нархи як килограмм помидор аз 6 то 8 ва гӯшти гову гӯсфанд 35-38 сомонӣ аст.
Дар баъзе нуқтаҳои савдои сарироҳии шаҳр нархи сабзавоту меваҷот назар ба бозор боз ҳам баландтар аст. Хусусан болоравии нархи пиёз ва картошка боиси ташвиш мебошад. Нархи як килограмм картошкаю сабзӣ ба 3 - 4, пиёз ба 6 сомонӣ, расидааст.
Алишер Раҳимов, сокини шаҳри Кӯлоб, изҳор дошт, ки чунин нархҳо барои сокинони камдаромад гаронӣ мекунанд. Дар мавсими ҳосилғундорӣ нархи меваҷоту сабзавот бояд арзонтар бошад.
Роҳбарон ва масъулини шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва сохторҳои дахлдор мебояд ба монанди раиси шаҳри Душанбе бобати ба танзим даровардани нархи анвои маҳсулот чораҳои зарурӣ андешанд.
Шарифхон ТИЛЛОЕВ, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.08.2017 №: 182 Мутолиа карданд: 2374