logo

маориф

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Соли равон, дақиқтараш чанд рӯз пеш, аз Маркази миллии тестӣ паёмак омад, ки ман донишҷӯи факултаи таърих ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон шудам. Ба ростӣ, аз шодӣ дар куртаам нагунҷидам. Он шаб, яъне шаби 3 август хобам набурд. Як бори дигар ба рӯзгори рафтаам нигаристам ва аз шодӣ ашк рехтам.
Соли 2011, пас аз хатми синфи 4 маро аз мактаб - интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон ба шаҳри Душанбе, ба мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ (барои бачаҳои душвортарбия) оварданд. Пас аз он дарк кардаму фаҳмидам, ки маро ба рӯйхати душвортарбияҳо дароварда будаанд, ҳарчанд дар худ сифатҳои бадро намедидам. Ин қадар буд, ки барои ҳақиқат талош мекардам, сухани дурусту ҳақро беибо ба рӯи баъзе аз омӯзгорони худашон ба тарбия ниёзманд мегуфтам.
Ин мактабро аз он чи ки мепиндоштаму тасаввур мекардам, беҳтар дарёфтам. Хосса муносибати омӯзгорону кормандонаш дар сатҳи баланд буд. Баъдҳо дарёфтам, ки ин ҳама низоми дурусти таълиму тарбияро сарвари нави таълимгоҳ Намозхон Бобоев ҷорӣ намудааст. Бо ташаббусу саъю кӯшиши ӯ бинои мактабу хобгоҳ тармиму таъмир ва замонавӣ гардид. Саҳни ҳар ду бино низ гулкориву зебо шуданд. Бо таҷҳизоти нави хонишу зист таъминамон намуданд. Соҳиби ҳаммоми замонавӣ гардидем.
Дар таълимгоҳ  синфхонаҳои  компютерӣ  кушоданд. Фароғатгоҳи  хонандагони  ин  мактабро, ки  дар ноҳияи Файзобод  буд, пурра таъмиру тармим намуданд. Ошхонаи наву замонавӣ сохтанд.
Ӯ, ҳамчунин, мураттиби китоби «Ба ёрии директорони мактабҳои махсус», ки соли 2010 ба табъ расидааст, мебошад. Хатмкунандагони ин мактаб дар даврони сарварии ӯ ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва литсейҳои касбии алоқа, хизмат ва туризм дохил шудаанд.
Ман пас аз хатми синфи 9-и ин муассисаи таълимӣ ба мактаби президентии шаҳри Ҳисор дохил шудам ва онро хатм намудам. Дар ин ҳама, албатта, саҳми Намозхон Бобоев зиёд мебошад.
Бо ташаббуси  ӯ  мо   ба  мавзеъҳои   таърихӣ ва  зебои  кишвар   ба  саёҳат мебаромадем,  то меҳри сарзамини аҷдодӣ дар дилҳоямон бияфзояд ва ин Ватанро бештару бештар дӯст бидорем.
Маҳфилҳо дар соҳаҳои гуногун ба хотири пешрафти мо бо ташаббуси ӯ таъсис ёфтанд. Шабнишиниҳо, суҳбатҳои озод баргузор мешуданд.
Дар мактаб аз соли 2007, яъне даврони сарварии ӯ озмуни «Беҳтарин хонандаи сол» - ро таъсис доданд. Се сол, дақиқтараш аз соли 2012 то соли 2015, ман дар ин озмун ғолиб меомадам.
Ҳоло ӯ директори мактаб - интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор мебошад. Аммо хонандагоне, ки дар даврони сарварияш  муассисаро хатм кардаанд ва ё таҳсил намудаанд, бо ӯ дар иртиботанд. Рақами телефони ҳамроҳашро бо худ доранд. Занг мезананд, маслиҳат мепурсанд, ёрӣ мехоҳанд. Ӯ дар ин маврид ҳеҷ чизро дареғ намедорад.
Муродбек ЮЛДОШЕВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.08.2017    №: 183-184    Мутолиа карданд: 2349
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед