номаҳо
ДАР ҲОШИЯИ ЯК ИҚДОМ
Мавриди зикру сипосгузорист, ки аз имсол ба баъд тибқи тасмими шаҳрдорӣ забҳи чорво дар рӯзи иди Қурбон дар ҷойҳои махсус сурат мегирад. Ин амри хайр ба хотири пешгирии бемориҳои сироятӣ ва покизагии мавзеъҳо дар пойтахти кишвар мебошад. Иқдоми мазкурро сокинони шаҳри Душанбе хуш пазируфтанд ва ҷонибдорӣ карданд.
Бояд ёдовар шуд, ки нигаҳдории чорвову бурдани он ба забҳгоҳ ва оварданаш дар навбати худ мушкил эҷод мекунад. Хуб мебуд, агар дар яке аз бонкҳо ба ин хотир суратҳисоби махсус мекушоданд. Сокинон дар сурати мазкур маблағи муайяншударо барои чорво, забҳи он ва овардани моли қурбонӣ ба хона пардохт менамоянд. Ин қадар ҳаст, ки нархи чорвои қурбонӣ бояд аз нархи чорвои бозор арзонтар бошад, чунки барои қурбонӣ кардан мол зиёд ва яклухт харида мешавад. Масъалаи дигар, ки ба ин амал иртибот дорад, пӯсти моли забҳшуда аст. Аксар сокинон намедонанд, ки пӯстро ба кӣ бубахшанд. Ҳолиё он талабгор надорад, аз ин рӯ, пӯстро зери хок мекунанд, яъне беҳуда талаф мешавад. Чаро мумкин нест, ки он ҳамаро ҷамъ биёранду самаранок истифода бибаранд? Аз маблағи он ва ё маҳсулоте, ки аз ин пӯстҳо ба даст меояд, агар ба ниёзмандон хайр бикунанд, нуран ало нур мешавад.
Д. ҶУМЪАЗОДА,
сокини шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.08.2017 №: 183-184 Мутолиа карданд: 2371