logo

номаҳо

ПУРХӮРИЮ ЗУДХӮРӢ. ЧИРО ТАБЛИҒ МЕКУНЕМ?

Аз расонаҳои ватанӣ хабари дар 11 дақиқа як кило оши палав хӯрдани сокини ноҳияи Аштро  шунида ҳайрон  шудам. Ҳодиса дар ҷашнвораи «Оши палав» - и шаҳри Хуҷанд рух додааст ва ин ошхӯр соҳиби унвони  «Ошхӯри беҳтарин» - у 2000 сомонӣ ҷоиза ҳам шудааст.
Ҳайрати ман на аз он аст, ки ин мард дар муддати кӯтоҳ ин қадар ош хӯрдааст. Ҳайронам, ки ошхӯрон, эҷодгарон ва роҳандозони озмун ва дар ниҳояти кор кормандони расонаҳо магар намедонанд, ки зуд ва пур хӯрдани хӯрок (махсусан ош) ба саломатии инсон зиёни калон дорад? Ин магар роҳнамоӣ ба тарзи ҳаёти солим  аст? Чӣ суд меёбад ҷомеа аз ин озмун, хусусан бо шарти «назар ба ҳарифон тезтар хӯрдан»?
«Хӯроки шумо бояд дармон ва дармони шумо хӯрок бошад», - гуфтааст падари илми  ҷаҳонии тиб Ҳиппократ. Ҳазорон табибони машҳури Шарқу Ғарб, сар карда аз Абуалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ, Мондино де Луччӣ, Квайдий Гален, Ибни Рушд, Абдулатиф ал – Бағдодӣ, Гарвей Везалий, Паратселс, Фракасторо, Паре, Раматсинӣ, пизишкони маъруфи дирӯзу имрӯз аз ин ҳикмат берун нарафтаанд.
«Дуруст хӯрок хӯрдан  саросема нашуда хӯрдан аст. Хӯроки нисфирӯзиро давоми 40 дақиқа, субҳона ва шомро дар муддати на кам аз ним соат хӯрдан  дуруст аст», - омадааст дар рукни аввали «Қоидаҳои асосии истеъмоли хӯрок». Минбаъд дар «Қоидаҳо» хӯрокро  бафурсату баҳазур хоидан, ба андозаи муайян (аммо на 1 кило хӯроки вазнин) хӯрдан таъкид шудааст.
 Ба андешаи мо, озмунҳо бояд на барои пурхӯрию зудхӯрӣ, балки барои оши палави бомаза, бо санъати баланд, истифодаи унсурҳои иштиҳоовару дармонбахш тайёршуда гузаронда шаванд. Агар илоҷи дигар набошад, ақаллан (!) зебою  озодона ва боназокат хӯрданро шарти озмун муқаррар кардан  беҳтар аст.
С. РАҶАБЗОДА,
сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.08.2017    №: 183-184    Мутолиа карданд: 2458
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед