мулоқотҳо
Ҳисоботи телефонии раисони вилоятҳо ба Президент
14 сентябр раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим ва раисони вилоятҳои Суғду Хатлон Қоҳир Расулзода ва Ғайбулло Авзал ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагӣ ба зимистони пешомад ва дигар масъалаҳои муҳим телефонӣ ҳисобот доданд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳисоботи раисони вилоятҳо ба масоили захира намудани маводи сӯхт, аз ҷумла ангишт барои муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуд.
Ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» низ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир шуд.Таъкид гардид, ки тамоми кормандони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҳайси фитри рӯза лампаҳои каммасраф харидорӣ намуда, ба оилаҳои камбизоат бидиҳанд. Дастур дода шуд, ки рафти гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф зери назорати доимӣ гирифта шавад, то ки дар тамоми қаламрави мамлакат мутобиқи фармон иҷрои супориш таъмин гардад.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон раисони вилоятҳоро вазифадор намуд, ки тӯли ҳафтаи равон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзиро бо нархҳои арзон ташкил намоянд, то фаровонии дастархони мардум дар рӯзи иди саиди Фитр таъмин шавад.
Ҳамчунин аз мардуми саховатпеша даъват гардид, ки кӯмакҳои хайрияи худро, пеш аз ҳама ба ятимону бепарасторон, пирони барҷомондаю маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар эҳтиёҷмандон тақдим намоянд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони вилоятҳоро оид ба ҷамъоварии беталафи ҳосили фаровони меваю сабзавот, омодагӣ ба кишти тирамоҳӣ ва иҷрои буҷети маҳаллӣ шунида, ба онҳо баҳри ҷоннок намудани кор дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дастуру ҳидоятҳо дод.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1957